Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАФСИ СУҲРАВАРДӢ

АБУЛҲАФСИ СУҲРАВАРДӢ

АБУЛҲАФСИ СУҲРАВАРДӢ Шиҳобуддин Умар ибни Муҳаммад, му- лаққаб ба Шайхулислом (1144. Суҳраварди Эрон – 1234, Бағдод), мутафаккири мутасаввиф, яке аз асосгузоронн сухравардия. Дар Бағдод назди амакаш Абдулқодири Суҳравардӣ улуми расмию шаръиро аз худ кар­да, сипас ба тасаввуф гароид. Аз Абдулқодири Гелонӣ улуми динӣ, махсусан фиқҳро омӯхт. Дар Бас­ра муддате иқомат дошт. Сипас ба Бағдод омада, ба ваъзгӯй машғул шуд. Абулҳафси Суҳравардиро халифа Носируддин борҳо ҳамчун намояндан худ ба дарбори салтанатии Руму Шом ва Хоразму Балх фиристодааст.

Дар ин сафарҳояш ӯ бо Ибни Фориз. Ибни Арабӣ, Наҷмуддини Розӣ ва Саъдии Шерозӣ сӯҳбат оростааст. Абулҳафси Суҳравардӣ асарҳои бисёре навиштааст, ки мутаассифона ҳамаи онҳо то замони мо нарасидаанд. Аз осори боқимондаи ӯ «Футуватнома». «Рашф-ул-насоеҳ- ул-имония фӣ кашф-ил-фазоеҳ-ил- юнония», «Рисолат-ус-сайр ва т-тайр», «Иршод-ул-уриддин». «Ҷазб-ул-кулуб ило мавосилот-ил-махсус) ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.

Бино ба маълу­моти сарчашмаҳо «Рашф-ул-насоеҳ- ул-имония фӣ кашф-ил-фазоеҳ-ил- юнония» аз рӯи мазмуну мундариҷааш ба «Тахофут-ул-фалосифа»-и Ғазолӣ ва «Масореъ-ул-фалосифа»-и Шахристонӣ монанд аст. Абулҳафси Суҳравардӣ  ба забони форсию арабӣ низ шеър гуфтааст. Ақидаҳои суфиёнаи худро ӯ дар асари машҳураш «Авориф-ул-маориф» баён кардааст.         Ё. Одинаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …