Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Аҳмади Ҳиравӣ

АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Аҳмади Ҳиравӣ

АБУЛФАЗЛИ УСМОН ибни Аҳмади Ҳиравӣ (соли таваллуд вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 12). Аслаш аз Ҳирот. Дар Нишопур низ зиндагӣ кардааст. Тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ бо ӯ мулоқот кардааст ва вайро дар сил­ки шоирони Хуросони аҳди салҷуқии баъди замони султон Санҷар (ҳукмронии 1118-58) меорад. Авфӣ дар бораи Абулфазли Усмон мегӯяд: «Агарчи ба шеъру шоирӣ нисбат надошт, фааммо чун ашъору абёти ӯ матину латиф буд, номи ӯ дар силки шуаро оварда шуд». Абулфазли Усмон  рубоиҳои ҳаҷвӣ ва ишқӣ мегуфтааст. Ин рубоӣ аз ӯст:

Дӣ гуфтамаш: «Эй гашта дил аз мехрн ту хун,

 Бар себи ту чист нуқтаи голиягун?»

Гуфто: «Зи латофате, ки дар себи ман аст.

Он дона бувад, ки менамояд зи дарун».

Адабиёт: Муҳаммад А в ф ӣ, Лубоб-ул албоб, ҷилди 2, Лейден,1903.   А.Афсаҳзод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …