Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАЗЛ СУККАРИИ МАРВАЗӢ

АБУЛФАЗЛ СУККАРИИ МАРВАЗӢ

АБУЛФАЗЛ СУККАРИИ МАРВАЗӢ, Абулфазл Аҳмад ибни Муҳам­мад ибни Зайди Суккарии Марвазӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири арабизабони аҳди Сомониён (асри 10). Дар шаҳри Марв зиндагӣ ва эҷод ме­кард.

Дар эҷодиёташ суннати корбасти зарбулмасалу мақолҳои фор­сии тоҷикиро дар шеъри арабизабон, ки шоири арабизабони эронинажод Солеҳ ибни Абдулқуддус (вафот 783) оғоз карда буд, идома додааст. Дар ҳар як 30 байте, ки аз ӯ дастрас гардидааст («Ятимат-уд-даҳр»-и Саолибӣ) як зарбулмасал ва маколи форсии тоҷикӣ мавҷуд аст, ки имрӯз ҳам мустаъмаланд.

Адабиёт.: Абдуллаев И., Поэзия на арабском языке в Средней Азии и Хорасане X – начале XI веков, Ташкент, 1984; Мардони Т. Н , Арабско-таджикское двуязычие в поэзии XI – X веков, Душанбе, 1993.   Н, Зоҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …