Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛФАТҲ Абдурраҳмони Искандарӣ

АБУЛФАТҲ Абдурраҳмони Искандарӣ

АБУЛФАТҲ Абдурраҳмони Искандарӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1165), олим, сайёҳ ва ҷуғрофидони араб. Муаллифи луғати географии «Китоб- ул-амкина ва-л-миёҳ ва-л-ҷибол ва- л-осор ва наҳваҳа-л-мазкура фӣ-л- ахбор ва-л-ашъор» («Китоб доир ба маконҳо, обу кӯҳу ёдгориҳо ва ғайра, ки дар ривояту шеърҳо зикр шудаанд»).

Дар китоб шарҳи номи кариб 3000 мамлакату вилоят, шаҳру қасаба, баҳру дарс, дашту кӯҳ, қалъаву работ ва ғайра мувофиқи қоидаи қадимаи таснифоти ҷуғрофӣ ба «ҳафт иқлим» омадааст. Инчунин маълумоти нодири таърихӣ ва намунаҳо аз адабиёт илова шудааст.

Зимни маълумот оид ба кишварҳои Шарқи Миёнаву Наздик ва Осиё, дар асар номҳои географӣ ва тасвири шаҳрҳову вилоятҳо, дарёю воҳаҳои Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Марв, Фарғона, Хоразм низ зикр ёфтаанд, ки қимати илмӣ ва таърихиашон барои мо муҳим аст. Луғат баъдтар аз тарафи Абумусо Муҳаммад ибни Умари Исфаҳонӣ (вафот 1185) ва Абубакр Муҳаммад ибни Мусои Ҳозимӣ (вафот 1188) таҳриру такмил шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …