Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛФАРАҶИ РУНӢ

АБУЛФАРАҶИ РУНӢ

АБУЛФАРАҶИ РУНӢ (1039, деҳаи Руни наздики шаҳри Лоҳур – 1108), шоири форси забони Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм дар щаҳри Лоҳур муддате

дар дарбори ҳокими шаҳри Ғазнин Сул­тон Иброҳим (ҳукмронии 1059-99)хидмат кард, вале ба ғазаби султон гирифтор шуда, ба ватанаш баргашт. Аз Абулфараҷи Рунӣ де­воне боқӣ мондааст, ки бо саъю кӯшиши профессор Чайкин соли 1928 дар Эрон ба табъ расид. Нашри интиқодии девони Абулфараҷи Руниро муҳаққиқи эронӣ Маҳмуд Маҳдии Домғонӣ анҷом дод. Девони Абулфараҷи Рунӣ  шо­мили қасоид, ғазалиёт, қитъаҳо ва ғайра мебошад.

Дар қасидаҳои Абулфараҷи Рунӣ мавзӯи Ҳиндустон, сохтмони қасру кӯшкҳо, ба тахт нишастани подшоҳон, мадҳи ҳокимону сипаҳсолорони вилояту шаҳрҳои Ҳиндустон, тасвири манзараҳои зебои ин кишвар ба назар мерасанд. Ғазалҳои Абулфараҷи Рунӣ  каманд, вале қитъаҳояш нисбатан зиёд буда, дар онҳо мавзӯъ ва мазмунҳои норозигӣ аз беадолатиҳо, ба ғаму кулфат мувоҷеҳ будани шахсони хирадманду доно, танқиду мазаммати баъзе «сарони чун хари замон», тасвири аҳволи мазлумон ва ғайра матраҳ гардидаанд. Ашъори Абулфараҷи Рунӣ аз ҷиҳати услуби баён ҷолибанд. Вай дар баъзе шеърҳояш аз доираи сабки хуросонӣ берун баромада, бо шеваи нав – сабки ироқӣ эҷод карданро оғоз кардааст. Аз ин ҷиҳат Абулфараҷи Руниро чун шоири навовар ва забардаст метавон эътироф кард. Саҳми Абулфараҷи Рунӣ дар мустаъмал кардани шеъри порсии дарӣ дар сарзамини Ҳиндустон басо бу­зург аст.

Адабиёт: Алиев Г. Ю., Персоязычная литература Индии. Краткий очерк, Москва, 1968; Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Лейден, 1903. А. Абдуллоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …