Главная / Гуногун / АБУЛФАРАҶИ ИСФАҲОНӢ

АБУЛФАРАҶИ ИСФАҲОНӢ

АБУЛФАРАҶИ ИСФАҲОНӢ Абулфараҷ Алӣ ибни Ҳусайни Исфаҳонӣ (897, Исфаҳон – 967, ҳамон ҷо), мусиқишинос, шоир, забоншинос ва мунаҷҷими форсу тоҷик. Абулфараҷи Исфаҳонӣ илмҳои замонашро дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Бағдоду Ҳалаб чун надими дарбор хизмат кардааст. Дар илмҳои ситорашиносӣ, мусиқӣ, таърихнигорӣ, адабиёт истеъдоди ба­ланд доштааст.

Абулфараҷи Исфаҳонӣ муддати зиёд ба кишварҳои Арабу Аҷам сафар кар­да, роҷеъ ба осори фарҳангӣ, адабӣ, хунарӣ, мусиқӣ ва шеър ахбори зиёде ҷамъоварӣ намудааст ва онро дар асари қомусиаш «Китоб-ул-ағонӣ» («Китоби сурудҳо») ҷой додааст. Бино ба ахбори манобеи хаттӣ Абулфараҷи Исфаҳонӣ роҷеъ ба мусиқӣ асарҳои бисёре таъ­лиф намудааст: «Китоб-ул-муҷаррад ал-ағонӣ», «Рисола фӣ ағонӣ», «Китоб фӣ-н-нағам», «Китоб-ул-ахбор- ил-қиён» (занони сароянда), «Китоб- ул-ғилмон-ил-муғаннин» (писарони сароянда) ва ғайра «Китоб-ул-ағонӣ»-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар омӯхтани таърихи мусиқии форсу тоҷик ва дигар кишварҳои Шарқ аҳамияти калон дорад.

Адабиёт: Р а ҷ а б о в а., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008; Донишномаи Шашмақом, Душанбе, 2009. А. Раҷабов.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …