Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абулбаракоти Бағдодӣ

Абулбаракоти Бағдодӣ

АБУЛБАРАКОТИ БАҒДОДӢ Ҳуббатулло ибни Алӣ ибни Мулко (соли таваллуд  номаълум – вафот 1132, Балх), файласуф ва табиби машҳури яҳудитабори мусулмон. Дар овони ҷавонӣ аз Мавсил ба Бағдод омада, дар он ҷо монд. Абулбаракоти Бағдодӣ илми тибро дар назди Абулҳасани Саид омӯхт. Баъди касби  маҳорати табибӣ ба хизмати дарбори хулафои Аббосӣ даромад ва дар муолиҷаи беморон чунон шӯҳрат ёфт, ки ӯро ба дигар шахрҳо барои муолиҷаи аъён даъват менамуданд.

Султони Салҷуқӣ ӯро барои муолиҷа ба Ҳамадон хонда буд ва ин ҳодисаи ягона набуд. Абулбаракоти Бағдодӣ дар пиронсолӣ ба бемории ҷузом гирифтор шуд ва муҳимтарин асари фалсафии худ –  «Ал-мӯътабар фи-л-хикма»-ро бо имлои шогирдонаш дар бистари беморӣ таълиф кард. «Ал-мӯътабар фи-л- ҳикма» ягона асари муҳими фалса­фии Абулбаракоти Бағдодӣ мебошад, ки аз се қисмат – мантиқ, табииёт ва илоҳиёт иборат аст.

Ба ҷуз ин асари фалсафӣ дар соҳаи илми тиб ва ҳайъат Абулбаракоти Бағдодӣ осори бисёре таълиф намуда, дар онҳо дастурҳои таҳияи доруҳои мураккаб ва ҷузъҳои таркибии онҳо, тарзи муолиҷаи беморон, сабаби зуҳури кавокиб ва дигар масоили илми ҳайъатро тадқиқу баррасӣ намудааст. Рисолае низ бо номи «Фи моҳият-ил-ақл» дорад. Абулбаракоти Бағдодӣ  яке аз мунаққидони фалсафаи машшоъ низ буд. Дар бахши илоҳиёт дар бораи чигунагии падид омадани касрат аз ваҳдат ба назари машоиён таъкид менамояд, ки на­зари машшоиён роҷеъ ба ақли фаъол мушавваш ва дарҳам барҳам аст.

Абулбаракоти Бағдодӣ дар бораи таносуби ақли фаъол, ақли фалаки камар ва вуҷуди нуфуси арзӣ ба машшоиён эрод гирифта, микдори ақли даҳгонаи машшоиёнро низ намепазирад ва бо истинод ба фариштаву малоикаҳо шумораи ин ақлҳо ё худ фариштагонро беҳудуд мешуморад, ки ҳар яке навъе аз мавҷудоти олами моддиро ҳофизу нигаҳбон ме­бошад.

Адабиёт:Ғуломхусайн Иброҳими Динонӣ, Моҷарои динии фалсафӣ дар ҷаҳони ислом, ҷилди, 1, Тошкент, 1379, ҳиҷрии шамсӣ; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷилди 5, Тошкент, 1383.    М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …