Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛАЙСИ ТАБАРӢ

АБУЛАЙСИ ТАБАРӢ

АБУЛАЙСИ ТАБАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Дар зодгоҳаш Табаристон (Эрон) улуми мутадовилаи замонро омӯхта, касби камол карда аст. Тазкиранависон Муҳаммад Авфӣ («Лубоб- ул-албоб»), Ризоқулихони Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо») аз маҳорату истеъдоди баландаш дар иншои шеър, махсусан ғазал хабар додаанд.

Аз намунаҳои боқимондаи осораш дар тазкираҳову баёзҳо бар меояд, ки Абулайси Табарӣ қасоиди фалсафӣ, иҷтимоӣ, шеърҳои шикоятӣ аз ҷабри фалақ, номусоидии рӯзгор, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайра доштааст.

Адабиёт: Абдуллоев А., Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри XI, Душанбе 1979. А. Абдуллаев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …