Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛЪАЛОИ ГАНҶАВӢ

АБУЛЪАЛОИ ГАНҶАВӢ

АБУЛЪАЛОИ ГАНҶАВӢ Низомудднн (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Пас аз таҳсили улум ва расидан ба синни камолот ба хидмати намояндан сулолаи Шервоншоҳиён Манучеҳр (ҳукмронии 1120 – 1150) омад ва чун сардафтари шоирони муҳити адабии Шервон унвони маликушшуарроро соҳиб гашт.

Инчунин тазкиранависон аз ӯ чун устоди Хоқонии Шсрвонӣ ва Фалакии Шервонӣ ёд кардаанд. Шоирони дарбор ба ӯ ҳасад мебурданд, дар назди ҳоким чун ифшогари рози давлат ба ӯ тӯҳмат карданд. Бар асари ин тӯҳмату иғвоҳо Абулъалои Ганҷавӣ аз дарбор ронда шуд. Девон доштааст, вале то ҳол дастрас нагардидааст. Аз пораҳои қасоид, ғазалҳо ва абёти боқимондааш бармеояд, ки шеърҳояш маъниву мазмуни баланд доранд.

Дар онҳо мавзӯъхои ҳасби ҳол, мадҳ, фахр, шикоят аз беадолатиҳои замона, панду андарз ва ғайраро дарёфт метавон кард. Абёти зерин аз ӯст:

Замирам абру сухан гавҳар асту дил дарё,
Забон мунодии ин гавҳару замона баҳо.
Ба чун мане, ки зи ақрони худ сабақ бурдам,
Гар аҳли Ганҷа тафохур кунанд, ҳаст сазо.
Суханварон ба ман ар иқтидо кунанд, сазад.
Аз он қибал, ки манам қудваи ҳама шуаро…
Чу шуд равони Имодӣ ба ман гузошт шараф,
Чу рафт ҷони Саноӣ ба ман бимонд сано.
Зи лафзу мартабаю қуввату сафо назмам.
Гумон барӣ, ки зи нор асгу обу хоку ҳаво.

Адабиёт: Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII -XIV, қисми 1, Душанбе, 1976.        М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …