Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ САРАХСӢ

АБУЛАББОСИ САРАХСӢ

АБУЛАББОСИ САРАХСӢ (848, Сарахс – 901, Бухоро) навозанда, муси- қидон, олими форс-точик. Овони ҷавонӣ дар Марв таълим гирифта, барои донишандӯзӣ чанд муддат ба Бағдоду Димишқ, Ҳалабу Миср рафт. Сипас ба Бухоро омада, ба тадрису таҳкиқ мепардозад. Дар санъати мусиқии илмию амалӣ дониши комил дошта, муддати дароз аз асосҳои назариявии мусиқии Юнон ба донишҷӯёни мадрасаҳои Бухоро ва Марв дарс гуфтааст.

Абулаббоси Сарахсӣ муаллифи асарҳои барҷастаи назариявӣ дар мусиқӣ – «Китоб-ул-мусиқӣ-ис-сағир», «Китоб- ул-мусиқӣ-ил-кабир», «Китоб-уш-шеър ва-л-мусиқӣ» буда, тибқи маълумо­ти сарчашмаҳо (Ибни Усайбия, Авфии Бухороӣ, Насируддини Тусӣ) ду тафсири ҷолибе ба «Ритмиқус»-и Аристоксен. «Қонунҳо»-и Уклидус нигоштааст, ки Абунасри Форобӣ аз ин тафсирҳои ӯ ёдовар шудааст.

Адабиёт: Баркашлӣ М . Мусиқии Форобӣ, Тошкент, 1350; Раҷабзода А., Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душанбе. 2000; Донишномаи Шашмақом,

Душанбе. 2009.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …