Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ МУСТАҒФИРӢ

АБУЛАББОСИ МУСТАҒФИРӢ

АБУЛАББОСИ МУСТАҒФИРӢ, номи пуррааш Насафии Самаркандӣ Ҷаъфар ибни Абуалӣ Муҳаммад ибни Абубакр (961 – 1041, Насаф), таърих- нигор, адаб, муҳаддис ва фақеҳи машҳур. Дар «Китоб-ул-ансоб»-и Самъонӣ омадааст, ки Абулаббоси Мустағфирӣ муддате чанд дар Марв, Сарахс, Нишопур, Бухоро ва Самарқанд умр ба cap бурдааст.

Аз соли 987 дар масҷиди ҷомеи Насаф амри маъруф мекардааст. Дар охири ҳаёташ пешвои имомхатибони Насаф буд. Асарҳои «Китоби таърихи Самарқанд», «Китоби таърихи Насаф ва Кеш» (2 ҷилд), «Китоб-уш-шеър ва-ш-шуаро», «Китоб-ул-вафо», «Ки­тоби далоил ан-нубувва», «Китоб-уд- даъавот», «Китоб хутаб-ин-набиино», «Китоби тибб-ан-набиийа» аз таълифоти Абулаббоси Мустағфирӣ мебошанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …