Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ МАРВАЗӢ

АБУЛАББОСИ МАРВАЗӢ

АБУЛАББОСИ МАРВАЗӢ, Аббоси Марвазӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 9). Муаллифи «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» Ризоқулихони Ҳидоят Абулаббоси Марвазиро дуюмин шоири форсизабони баъдиисломӣ дониста, зикр менамояд, ки соли 809, ҳангоми ба Марв омадани халифаи араб Абулаббос Абдуллоҳ Маъмун (796 – 833) дар мадҳи ӯ ба забони форсӣ шеъре навишта тақдим карда будааст. Аз мероси адабии Абулаббоси Марвазӣ то замони мо ҳамагӣ 4 байти як қасида боқӣ мон­дааст:

Ай расонида ба давлат фарқи худ бар Фаркадайн,
Густаронида ба фазлу ҷуд дар олам ядайн.
Мар хилофатро ту шоиста чу мардум дидаро,
Дини Яздонро ту боиста чу рухро хар ду айн.
Кас ба-д-ин минвол пеш аз ман чунин шеъре нагуфт,
Map забони порсиро ҳаст то ин навъ байн!
Лек аз он гуфтам ман ин мидҳат туро то ин луғат,
Гирад аз мадҳу санои ҳазрати ту зебу зайн.

Адабиёт.,Заҳрои Хонларӣ,Раҳнамои адабиёти форсӣ, Тошкент, 1340 ҳиҷрии шамсӣ

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …