Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ ИМОМӢ

АБУЛАББОСИ ИМОМӢ

АБУЛАББОСИ ИМОМӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (охири асри 10 – ибтидои асри 11). Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эчодии ӯ маълумот хеле кам аст. Аз ашъори ӯ дар фарҳангҳою китобҳои шеър абёти пароканда боқӣ мондааст. Шамси Қайси Розӣ дар

«Ал-Мӯъҷам» дар мавриди ҳарфи равии қофия ин ду байти ӯро мисол овардааст:

Ду чашмак пур зи банди чашмбандон,

Ду ёқут ҳамеша ханд-хандон.

Яке мар тандурустонро ғаму дард,

Якеро сӯи дарди дардмандон.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …