Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОСИ АББОСӢ

АБУЛАББОСИ АББОСӢ

АБУЛАББОСИ АББОСӢ Абулаббос (соли таваллуд ва вафот номаълум), шои­ри форс-тоҷик (асри 10). Абулаббоси Аббосӣ аз аҳли Мовароуннаҳр буда, дар ҳамин диёр касби камол намудааст. Аз ӯ ҳамагӣ 66 байт боқӣ мондаанд. ки аз фарҳангҳо, «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ ва дигар сарчашмаҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Абёти боқимондаи Абулаббоси Аббосӣ пораҳо аз қасоид, ғазалҳо, қитъаҳо, рубоиҳо ва маснавиҳоянд. Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори ӯ васфи ёр – маъшуқа, баёни ҳасби ҳол, мадх, ҳаҷв ва ғайра мебошанд.

Аз ҷихати сабк, тарзи нигориш, истифодаи вожаҳо ва ғайра ашъори Абулаббоси Аббосӣ  ба нигоштаҳои Рӯдакӣ монанданд. Аз ин ҷост, ки фарҳангнависон дар асарҳои худ (масалан, «Луғати фурс», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ») дар нисбат додани абёти ин ду шоир иштибоҳ кардаанд. Абёти зерин аз Абулаббоси Аббосӣ мебошанд:

Гар кунун бори маро марг ҳаме хушк кунад,

Бими он аст, ки маро ласк иахоҳад задано.

Зи хону мону қаробат ба ғурбат афтодам,

Бимондам он ҷо бе созу баргу ангишто.

Табоеъ гар сутуни ту, сутунро ҳам бипӯсад бун,

Напӯсад он сутун ҳаргиз, к-аш аз тоат занӣ коза.

Адабиёт: Афсаҳзод А., Одамушшуаро Рӯдакӣ. Душанбе, 2003; Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2007.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …