Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОС Маъмун

АБУЛАББОС Маъмун

АБУЛАББОС Маъмун ибни Маъмуни Хоразмшоҳ (соли таваллуд  номаълум – 1017 Гурганҷ), сеюмин фармонфармои Хоразм аз хонадони Маъмуниён. Баъд аз вафоти бародараш ба тахти салтанат нишаст. Абулаббос сиёсати созишкоронае бо Ғазнаро пеш гирифт ва иртиботаш бо султони Ғазна мустаҳкамтар шуд. Абулаббос дар натиҷаи исёни гуруҳҳои зидди Маҳмуди Ғазнавӣ, ки аз сиё­сати Абулаббос норизо буданд, кушта шуд.

Баъд аз марги Абулаббос шӯришиён бародарзодаи Абулаббос Абулҳорис Муҳаммад ибни Алиро ба тахт нишонданд. Ба ин тартиб ҳукмронии сиёсии хонадонҳои маҳаллӣ аз Хоразм барафтод.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …