Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахсӣ

АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахсӣ

АБУЛАББОС ибни Марвони Сарахсӣ (820, Марв, Сарахс – 899, Бухоро), олим, мусиқишнноси форс-то­ҷик. Асосҳои илмҳои замонаашро дар зодгоҳаш аз падараш омӯхт. Абулаббос аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои риёзӣ, шеър ва мусиқӣ машғул шуда, заминаҳои амалӣ ва назариявии мусиқиро аз донандагони мусиқӣ (Алии Бармакӣ, Муҳаммади Мадинӣ) таълим гирифт. Ӯ ба марказҳои фарҳангии хилофат – Бағдод, Димишқ, Басра сафар намуда, муддате дар фарҳан- гистони ҳунари Бағдод аз асосҳои на­зариявии мусиқӣ дарс дод.

Муаллифи «Китоб-ул-ағонӣ» Абулфараҷи Исфаҳонӣ ва дигарон аз ӯ илми мусиқӣ омӯхтаанд. Абулабос охири умр ба Бухоро омада, дар мадрасаҳо аз илмҳои дақиқ ва дуниявӣ дарс медод. Ӯ оид ба мусиқӣ рисолаҳои «Китоб-ул-мадхал-ил-илм-ал-мусиқӣ», «Китоб-ут- тараннум», «Китоб-ул-мусиқӣ ва-ш- шеър» тасниф кардааст. Ба гуфтаи Ибни Абуусайба («Уйюн-ул-анбаъ») Абулаббос дар рушди мусиқии назариявии Мовароуннаҳр, Хуросон, эчоди асар­ҳои Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Зайла ва дигар таъсири назаррас доштааст.

Адабиёт: Раҷабов А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуии мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе. 2008; Донишномаи Шашмақом, Душанбе, 2009. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …