Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУКОМИЛИ МИСРӢ

АБУКОМИЛИ МИСРӢ

АБУКОМИЛИ МИСРӢ, Шуҷоъ ибни Аслам ибни Муҳаммад ал- Ҳосиб ал-Мисрӣ (тақрибан 850 – 930), риёзидони маъруфи араб, ки ҳаёт ва фаъолияташ асосан дар шаҳри Қоҳира гузаштааст. Фаъолияти илмии Абукомили Мисрӣ, асосан, ба илми ҳисоб бахшида шудааст ва аз ҳамин сабаб лақаби «ал- Ҳосиб»-ро соҳиб гаштааст. Абукомили Мисрӣ нахустин риёзидонест, ки баъд аз Му- ҳаммади Хоразмӣ доир ба алҷабр рисола навиштааст.

Мероси илмии Абукомили Мисрӣ дар пешрафти илми математикаи замонаш нақши муайяне гузошта, ри- солаҳои зеринаш дар китобхонаҳои гуногуни дунё маҳфузанд: «Китоб фӣ-л-ҷабр ва-л-муқобала» («Китоб дар ҷабр ва муқобала»), «Зароиф-ул- ҳисоб» («Тезфаҳмиҳои шумор (ариф­метика)»), «Мисаҳа ал-мухаммас ва- л-муъашар» («Ҳисобкунии панҷкунча ва дахкунҷа»), «Ал-васойа би-л-чузур» («Васият ба воситаи решаҳо») ва «Китоб фӣ-л-ҷамъ ва-л-тафрик» («Китоб дар бораи ҷамъу тарҳ»). А. Комилӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …