Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИСҲОҚИ ҶӮЙБОРӢ

АБУИСҲОҚИ ҶӮЙБОРӢ

АБУИСҲОҚИ ҶӮЙБОРӢ Ибро­ҳим ибни Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-точик (асри 10). Доир ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар тазкира ва асарҳои адабию таърихӣ маълумот хеле кам аст. Бино ба маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ, («Лубоб-ул-албоб»), вай аз мардуми Ҷӯйбор ном маҳаллаи Бухоро буда, дар замони ҳукмронии Сомониён зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бо касби деҳқонӣ зиндагиашро таъмин менамудааст. Аз ашъори ӯ ҳамагӣ 7 байт боқӣ мондааст:

Бо абр пинҳон кард офтоби тобонро,

Ба сабза бинҳуфт он лолабаргн хандонро.

Ба сӯи харду маҳаш бар ду шох райҳон буд,

 Ба шохи мӯрд бипайваст шохи райҳонро.

Буте, ки хастадилонро ба бӯса дармон аст,

 Дареғ дорад аз ин дарддида дармонро.

Ба абри найсон монам кунун май аз ғами ӯ,

 Сазад, ки санъати хуб аст абри найсонро.

Ба як гузар, ки саҳаргоҳ бар гулистон кард,

 Бихишт кард саросар ҳама гулистонро.

Адабиёт: Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, Тошкент, 1333 ҳиҷри шамсӣ; С а ид  Н а ф и с ӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Тошкент, 1344, ҳиҷрии шамсӣ. У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …