Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУИСҲОҚИ ИСФАРОЙИНӢ

АБУИСҲОҚИ ИСФАРОЙИНӢ

АБУИСҲОҚИ ИСФАРОЙИНӢ Иброҳим ибни Муҳаммад (соли таваллуд номаълум, Исфаройини Хуросон – 1027, Нишопур), мутакаллими ашъария, фа- қеҳи шофеия, тарғиботчии таълимоти ашъария дар Нишопур. Илмҳои замо- нашро дар зодгоҳаш омӯхта, соли 962 ба Бағдод омад ва дар он ҷо таълимоти каломи ашъарияро фаро гирифт. Сипас ба Нишопур баргашта, мадрасаи худро таъсис дод, ба шарҳу таъбир ва тарғибу ташвиқи каломи ашъария пардохт.

Абуисҳоқи Исфаройинӣ  роҷеъ ба фиқхи шофеӣ ва каломи ашъарӣ асарҳои бисёре таълиф намудааст, ки мутаассифона аз байн рафтаанд. Вале иқтибосу ишораҳои бешумор ба онҳо аз нуфузу мартабаи баланди ӯ дар байни пайравони ашъария шаҳодат медиҳанд. Ба қавли ӯ, сифати фарқкунандаи Худо ҳастӣ мебошад ва маҳз ҳамин сифат ӯро аз тамоми коинот фарк мекунонад. Ақидаҳои Абуисҳоқи Исфаройинӣ   роҷеъ ба назарияи маърифат, нубувват, табиати Қуръон, афъоли инсонӣ ва ғайра аз таъ­лимоти мутакаллимини ашъарӣ дида, ба афкори мӯътазила бештар қаробат дорад.          И. Саидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …