Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУҲАЙЁНИ ТАВҲИДӢ

АБУҲАЙЁНИ ТАВҲИДӢ

АБУҲАЙЁНИ ТАВҲИДӢ Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аббоси Шерозӣ (тақрибан 923 – тақрибан 1010), файдасуф, фақеҳ, адиб, мутасаввиф ва наҳвии форсу тоҷик. Қисми зиёди ҳаёташ дар Бағдод гузашта, он ҷо наҳвро аз Абусаиди Сайрафӣ ва Алӣ ибни Исои Румонӣ, фикхи шофеиро аз Абуҳомиди Марвазӣ ва Абубакри Шофеӣ, фалсафаро аз Абусулаймони Мантиқӣ ва Яҳё ибни Адо омӯхт.

Барои ақоиди зиндиқиаш аз Бағдод ронда шуд. Вале охирхои умраш ба Бағдод баргашта, хаёти худро бо бечорагиву қашшоқӣ гузаронида, ба тариқи эътироз аз замона китобхонаашро оташ задааст. Ёқути Ҳамавӣ дар «Мӯъҷам-ул- удабо» дар бораи Абуҳайёни Тавҳидӣ зикр кардааст, ки ӯ дар ҳамаи улуми замона – наҳву луғат, шеъру адаб, фиқҳу калом чирадаст буд, фалсафаю ирфонро хуб медонист ва дар балоғат ҳамто надошт. Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» номи Абуҳайёни Тавҳидиро дар қатори Ибни Ровандӣ ва Абулаълои Мааррӣ ёдовар шудааст,

Абуҳайёни Тавҳидӣ оид ба масъалаҳои мухталифи илми замонааш осори бисёре таълиф кардааст, ки мутаассифона қисми ночизи онҳо то замони мо расидаанд. Номгӯи мухтасари таълифоти Абуҳайёни Тавҳидӣ, ки Ёкути Ҳамавӣ дар асараш зикр кардааст, чунинанд: «Ал-муҳозарот ва-л-мунозарот», «Ал-имтоъ ва-л- муонаса», «Ал-басоир ва з-захоир», «Тақриз-ул-Ҷоҳиз», «Ас-садиқ ва-с- садоқат», «Масолиб-ул-вазирайн», «Ишорат-ул-илоҳия», «Ал-муқобасот» ва ғайра. Ақидаҳои фалсафии Абуҳайёни Тавҳидӣ  танҳо аз тадқиқу таҳлили андешаҳои мутафаккирони пешину муосираш иборат набуда, балки ҷавоб ба саволҳои шогирдону мусоҳибонаш оид ба масъалаҳои мухталифи фалсафӣ мебошанд.

Таҳлили асарҳояш нишон медиҳад, ки ӯ масъалаҳои нафс, такомули нафси инсонӣ, дарки ҳақиқат ва манфиати он, ҳаракати ҷисм дар ода­ми кавну фасод, навъҳои гуногуни онро баррасӣ кардааст. Хизмати ди­гари Абуҳайёни Тавҳидӣ  дар фалсафа гирд овардани ақоиди мухталифи мутафаккирони муосираш мебошад, ки дар сӯҳбату маҷлисҳо иброз доштаанд. Абуҳайёни Тавҳидӣ  дар масъалаҳои мантиқу наҳв дар «Ал- басоир ва-з-захоир» ва «Ал-имтоъ ва-л-муонаса» фикрҳои ҷолиб дорад. Абуҳайёни Тавҳидӣ дар масъалаҳои фикҳу калом ва ахлоқ низ фикру андешаҳои худро до­рад.           И. Саидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …