Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУФАЗЛ МУҲАММАД

АБУФАЗЛ МУҲАММАД

АБУФАЗЛ МУҲАММАД ибни Абдуҷалил ибни Абдумалик ибни Ҳайдари Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), муаррих ва ҷуғрофидони тоҷик, асри 12 шогирди муаллифи «Китобу-л-қанд фи таърихи Самарқанд»-и Умар ибни Муҳаммади Насафӣ (вафот 1142).

Абуфазл соли 1223 мухтасари ин китобро бо номи «Кандияи хурд» ба забони форсӣ тарҷума намудааст. Дастхати ин китоб зери рақами 73 дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар ин асар дар бораи ге­ографияи Самарқанд ва атрофии он, тафсирҳое дар бораи зиндагии пеш аз ислом, воқеаҳои забти Самарқанд аз тарафи арабҳо, воситаҳои обёрӣ, вазъи сохтмонҳо, таърихи масҷидҳо, мазорҳо ва дигар амокини муқаддаси Самарқанд ва қисман Бухоро, дар бо­раи ашхоси бузург ва мадфани онҳо, суннати зиёрати маконҳои муқаддас ва амсоли онҳо маълумоти арзишманде оварда шудааст. А. Саидов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …