Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУБАКРИ РУБОБӢ

АБУБАКРИ РУБОБӢ

АБУБАКРИ РУБОБӢ (982, Марв – 1020, Ғазна), мусиқидон, навозанда, ҳофиз ва охангсози форсу точик. Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ва ҳунар ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанд рафт. Дар мактаби ҳунарии Бухоро асосҳои назариявӣ ва амалии мусиқиро омӯхт. Муддати зиёде дар Ғазна зист ва сарварии ҳунармандони дарбори султон Маҳмуди Ғазнавиро ба ӯхда дошт. Дар сарояндагӣ пайрави сабки Абуамир буда, сурудҳои халқӣ (фахлавиёт)-ро хеле устодона мехонд. Мисли Абуамир сабки сарояндагии қадамии мардуми Хуросонро так­мил додааст ва аҳли мусиқӣ ба ӯ номи фахрии «Хуросонгӯ»-ро додаанд.

Дар сознавозӣ низ анъанаҳои қадимии ниёгони худро идома додааст. Аз ин рӯ ӯро бо унвонҳои «Бубакри Рубобӣ» ва «Мутриби Мовароуннаҳрӣ» низ ном мебурданд. Дар ҳунари музҳикӣ (мазҳака) ҳам истеъдоди хоса дошта, дар иҷрои асарҳои мазҳакавии мусиқӣ бештар комёб шуда­аст. Абубакри Рубобӣ шогирдони зиёде тарбия намудааст, ки маъруфтаринашон Ситтии Заррин, Муҳаммади Хушнудӣ, Муҳаммади Қаввод, Андалеб, Абдурраҳмони Хонанда, Бобои Музҳик, Амири Музҳик, Нури Хонанда мебошанд.

Адабиёт: Раҷабзода А., Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душанбе, 2000; ҳамон м у а л лифСуннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008.     А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …