Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУБАКРИ КУЛӮЙ

АБУБАКРИ КУЛӮЙ

АБУБАКРИ КУЛӮЙ (соли таваллуд  но­маълум – вафот. 1366, Самарқанд), яке аз роҳбарони шӯриши Сарбадорони «Самарканд». Дар вақти ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр амирони Осиёи Миёна Ҳусайн ва Темур дар муҳорибаи назди Чирчиқ ши­каст хӯрда ба Балх гурехтанд.

Абубакри Кулӯй бо ҳамроҳии Мавлонозода ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ муҳофизати Самарқандро ташкил намуда, хони муғулҳо – Илёсхоҷаро маҷбур кард, ки Самарқандро тарк кунад. Мудофиаи Самарқанд (1365) давоми шӯриши сарбадорон буд. Баҳори 1366 Темур ва Ҳусайн ба Самарқанд баргашта, шӯришро бераҳмона пахш карданд ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ ва Абубакри Кулӯйро бо ҳилаю фиреб ба қатл расо- ниданд.            Н. Юсупов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …