Главная / Гуногун / Абубакр Абдуллоҳ ибни Усмон

Абубакр Абдуллоҳ ибни Усмон

АБУБАКР Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Омир ибни Амру ибни Каъб ибни Саъд ибни Таям ибни Мурра (тақрибан соли 572/73, Макка – 23 8. 634, Мадина), нахустин халифа аз хулафои рошидин, тоҷири сарватманд ва бонуфузи Макка, дӯст ва аз ахли саҳобаи Паёмбар (с). Падараш Абуқаҳофа Усмон (вафот 645) ва модараш Уммулхайр Салмӣ бинти Саҳр, бинти Амру, бинти Каъб. Баъзе номи Абубакрро дар давраи ҷохилият Абдулкаъба ва гурӯҳе ҳам номи ӯро Атиқ гуфта- анд. Аммо бештари ривоёт “Атиқ”-ро лақаби Абубакр хондаанд, ки гӯй Паёмбар ӯро ба сабаби зебоии рӯяш «Атиқ» лақаб ниҳодааст.

АБУБАКР Абдуллоҳ ибни Усмон

Лақаби дигари Абубакр «Сиддиқ» будааст. Дар бораи зиндагонӣ ва аҳволи Абубакр пеш аз ислом иттиллои кофӣ ва мутмаин то ба мо нарасидааст. Аммо шак нест, ки ӯ аз бузургон ва хирадмандони кабилаи Қурайш будааст. “Тибқи ахбор Абубакр аз овони ҷавонӣ ба бозаргонӣ шуғл варзида, барои интишори ислом ба Паёмбар кӯмакҳои молӣ низ кардааст. Гурӯҳе бар ин ақидаанд, ки Абубакр аз ҷавонӣ бо Паёмбар (с) равобити дӯстона дошта, боре ҳамроҳи ӯ ба сафари Шом рафта будааст. Аммо ин ривоятро иддае аз мусташриқин рад намудаанд.

Мусалламан Абубакр яке аз на- хустин касоне аст, ки даъвати Паёмбарро пазируфтааст. Ба гуфтаи бархе аз муҳаққиқон, пас аз ин ки Абубакр мусалмон шуд, ислом аз хонаи Паёмбар берун омад ва ба сабаби ҷойгоҳи волое, ки Абубакр дар миёни қабилаи Қурайш дошт, чанд тан аз қурайшиён низ ба ислом гаравиданд. Абубакр низ ба хотири ҳимоят ва таблиғи ислом аз ҷониби мушрикон мавриди озору шиканҷа қарор гирифт ва ногузир Маккаро тарк гуфт. Барҷастатарин воқеаи зиндагии Абубакр ҳамроҳи Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат кардан аст, ки шаби панҷшанбеи аввали рабеъул- аввали соли аввали ҳиҷрӣ (13 сентябр 622) аз манзили Абубакр оғоз гардида буд. Дӯстии Абубакр бо Паёмбар (с) дар пояи хешутаборӣ устувор гардид; вай дух- тари худ – Ойишаро ба Паёмбар (с) ба занӣ дод.

Ба гуфтаи баъзе таърихнигорони ислом Абубакр дар Мадина як рӯз дар миён бо Паёмбар (с) дидор мекард ва бино ба ривоятҳо ӯ дар ҳамаи ғазавот (ғазавоти Бадр, Уҳуд, Ҳумроъ-ул- Асад, Банӣ-ан-Назир, Хандак, Банӣ Қариза, Банӣ Лаҳён, Ҳадибия, Ҳайбар, фатҳи Макка, Ҳанин, Тоиф, Табук, Наҷд ва ғайра) дар паҳлӯи Паёмбар (с) буд. Бино ба ахбори таърихнависон Абубакр дар ғазваи Бадр фармондех ва маъмури нигаҳбони хаймаи Паёмбар (с) буд. Яке аз маъмуриятҳои муҳими Абубакр аморати ҳаҷ дар соли нуҳуми хиҷрат ва иблоғи сураи «Бароат» аст. Гуё Паёмбар (с) пас аз ғазваи Табук Абубакрро ба унвони амирулхоҷ равонаи Макка кард ва чун вай аз Мади­на берун рафт, ба Паёмбар (с) сураи «Бароат» нозил шуд ва Расули Худо Алӣ ибни Абитолибро барои иблоғи он ба Макка фиристод.

Охирин маъмурияти Абубакр ва аҳсоби дигар ширкат дар сипоҳи Усома ба касди Мӯътаи Шом аст. Тибки ахбор Паёмбар (с) чанд рӯз қабл аз вафоташ фармон дод, ки барои ғазо ба Рум омода шаванд. Ӯ Усомаро ба назди худ хонд ва фармоидеҳии сипоҳро ба ӯ супурд. Аммо ҳаракати сипоҳ ба рағми таъкиди Паёмбар (с) ва ба сабаби ихтилофи назари саҳоба сурат нагирифт. Мувофиқи иттилои таърихнигорон ҳангоми шиддати бемории Паём­бар (с) Абубакр дар масҷид ба ҷои расу­ли Худо ба намоз истод.

Намози Абубакр дар рӯзҳои бемории Паёмбар (с) ба­рои барҷастатар кардани ҷойгоҳи Абубакр дар таърихи ислом ва ҷойгузинии хилофат нақши муассире доштааст. Мувофиқи ривояте Абубакр ҳангоми марги Паёмбар (с) дар канори ӯ буда, дар масҷид вафоти Паёмбарро бо хондани оёте аз Қуръон таъйид намуд ва сипас барои баъйати умумӣ бар минбар нишаст. Гурӯҳи муҳоҷирон бо сарварии Умар хилофати Абубакрро қабул доштанд, аммо ансориён (нигаред Ансор) бо сарварии Банӣ Саъд напазируфтанд.

Абубакр дар посух ба банӣ Саъд гуфт, ки агар байъат накунанд, дар он сурат бар нафъи Умар ё Абуубайд даст аз хилофат мекашад. Банӣ Саъд ва ансориён аз ин ки ракибони онон бартарӣ хоҳанд гирифт, бо хилофа­ти Абубакр байъат карданд. Ҳамин тавр, дар таърихи 9 июни 632 Абубакр халифа – ҷонишини Паёмбар (с) эълон шуд. Муҳимтарин маъмурият ва иқдомоти Абубакр дар солҳои аввали ҳукуматаш саркӯбии душманони ислом дар нимҷазираи Арабистон буд. Қабилаҳои араб, ка­мин ки аз вафоти Паёмбар (с) огоҳӣ ёфтанд, шӯриш бардоштанд ва хатари бузурге ҷомеаи мусалмононро таҳ- дид мекард, ки давлати нав таъсисёфтаи исломӣ дар ҳоли фурӯпошист. Абубакр қабилаҳо ва тоифаҳои бисёри арабро, ки аз итоат ба ислом cap печида буданд, дар муддати кӯтоҳ (ду – се моҳ) ба зери итоати худ даровард, ҳамчунин ошӯбҳои паёмбарони дурӯгинро, ки дар ноҳияҳои дурдасти Ара­бистон ба вукӯъ пайвастанд, фурӯ нишонд.

Наҳзате, ки мусалмонон ба он Ридда (бозгаштан аз дин) ном гузоштанд, бад-ин тартиб рангу бӯи динӣ бар худ гирифт ва ҳеҷ кас ба фикри бозгашт ба бутпарастӣ наяфтод. Вале дар амал, наҳзати Ридда ҷанбаи сиёсӣ дошт. Арабҳо бар бештари нуқоти Арабистон ба рисолати Паёмбари ис­лом гардан ниҳода буданд, вале дигар намехостанд, ки зери итоати Мадина бошанд ва ба халифа закот бипардозанд. Абубакр пас аз фурӯ нишондани ошӯбҳои дохилӣ оҳанги тасарруфи Ироқ ва Шом намуд (нигаред низ Хило­фат). Пас аз реҳлати Паёмбар (с) ва шаҳодати бисёре аз саҳоба мусалмо­нон барои ҷамъоварии Қуръони Ка­рим беш аз пеш зарурат эҳсос кар­данд. Таърихнигорон ва уламои дин накши Абубакрро дар гирдоварии Қуръон бисёр муҳим ва арзанда донистаанд. Вай бо пешниҳоди Умар Зайдро ба­рои ҷамъоварии Қуръон масъул на­муд ва ӯ бархе аз сураҳо ва оятҳоро, ки дар пӯсти дарахти хурмо ва сангҳои сафед навишта ва миқдоре ҳифз шуда буданд, ҷамъ намуд. Абубакр муддати кӯтоҳ ҳукумат кард ва бештари вақти ӯ дар ҷангу талошҳо гузашт.

Гурӯҳе аз муҳаққикон бар ин ақидаанд, ки вай ҳеҷ барнома ё низоми муҳиме бунёд наниҳодааст, аммо дар асл, дар замони ӯ муҳимтарин унсурҳои давла­ти араб (дини давлатӣ, байтулмол, девонҳо) шакл гирифт. Агарчи, «Девони ато» дар замони Умар бунёд ёфтааст, вале бар асоси иттиллоъ метавон гуфт, ки ҳамин гуна девон дар аҳди Абубакр вуҷуд низ доштааст. Вай саъӣ мекард нишон бидиҳад, ки дар ҳукумат ва сиёсат пайрави Қуръон ва суннати Паёмбар (с) аст. Муаррихони исломӣ Абубакрро баъд аз Паёмбар (с) ба унвони яке аз далертарин касон барои иҷтиҳод муаррифӣ карда- анд. Вай нисбат ба мушрикон бераҳм будааст. Тибки тафсири таърихнигорони исломӣ Абубакр марде баландқомат, лоғар, сапедчеҳра, бо пешонии барҷаста ва чашмони фурӯнишаста, бо риши андак буд, ки онро гоҳе бо хино ранг мекард ва ӯ зиндагии сода ва хоксоронае дошт, парҳез аз ҳар навъ зиёдахоҳӣ мекард.

Ӯ то замоне, ки бар хилофат нишаст, бо ҳамсараш дар қулбаи аз шохаи хушки дарах­ти хурмо сохташуда зиндагӣ мекард. Дар тақсими байтулмол боадолат бу­дааст. Ғолибан вайро марде нармхӯй ва хушбархӯрд гуфтаанд. Дар осори уламои исломӣ бахшҳое ба фазоил ва хасоиси Абубакр низ ихтисос ёфтаанд. Тибқи васият Абубакр дар паҳлуи Паёмбар (с) ба хок супурда шудааст.

Ад.: Большаков О. Г. Абубакр ас-Сиддиқ. // Ислам. Энциклопедический словарь, Москва,1991; Таърихи ислом. Пажӯҳиши Донишгохи Кембрич. Тарҷумаи Аҳмади Ором, Tошкент, 1377; Босворт К. Э., Силсилаи исломии ҷадид. Роҳнамои гоҳшуморӣ ва таборшиносӣ. Тар­ҷумаи Фаридуни Бадраӣ, Тошкент, 1381; Олимзода Ҳ о д ӣ, Абубакр. // Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷилди 5, Tошкент, 1372.    Л. Бойматов.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …