Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОҲОИ ВАЛВОЛИҶӢ

АБУАБДУЛЛОҲОИ ВАЛВОЛИҶӢ

АБУАБДУЛЛОҲОИ ВАЛВОЛИҶӢ Муҳаммад ибни Валволичин Марвазӣ маъруф ба Навоеҳӣ (соли таваллуд ва вафот но­маълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Аз сарчашмаҳои адабӣ бармеояд, ки вай дар аҳди Сомониён умр ба cap бурда, дар шоирӣ мартабаи баланд доштааст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубоб-ул-албоб» менависад: «Дар аҳди Яминуддавла Маҳмуд ҷумлаи фузало хостанд, ки ду байти форсии ӯро ба тозӣ тарчума кунанд, касеро муяссар нашуд, то он гоҳ ки Хоҷа  Абулқосим – писари вазир Абулаббоси Исфароинӣ онро ба тозӣ тарҷума кард, чунонки ҳамаи фузало биписандиданд». Аз мероси адабии Абуабдуллоҳои Валволиҷӣ то замони мо ҳамагӣ ду порчаи шеърӣ (дар ҳаҷми 4 байт) боқӣ мондааст. Ин қитъа аз ӯст:

Симдандонаку басдонаку хандонаку шӯх,
Ки ҷаҳон он-к бари мо лаби ӯ зиндон кард.
Лаби ӯ биниву гӯӣ, ки касе зери ақиқ,
Ба миёни ду гул андар шакаре пинҳон кард.

Адабиёт: Ашъори хамасрони Рудакӣ, Сталинобод, 1958. У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …