Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОҲИ ХОРАЗМӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ХОРАЗМӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ХОРАЗМӢ маъруф ба Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуф Котибии Хоразмӣ (910, Балх – 1009, Хоразм), олим, мусиқашинос, таърихнигори форс-тоҷик. Абуабдуллоҳи Xоразмӣ дар зодгоҳаш Балх илмҳои маъмули замонашро омӯхта, барои такмили до­ниш ба Нишопур рафтааст. Дар он ҷо фаъолияти илмию адабии ӯ инкишоф ёфта, дар илмҳои фалсафа, бадеъ, мусиқӣ, риёзиёт, фалақиёт ва ғайра донишу малакаи тамом ҳосил кар­дааст.

Ӯро Нӯх ибни Насри Сомонӣ (ҳукмронии 943 – 954) ба дарбор даъват мекунад ва фаъолияти илмию адабиаш асосан дар Бухоро вусъат меёбад. Асараш «Мафотеҳ-ул-улум» («Калиди илмҳо»)-ро дар Бухоро ба забони арабӣ навишта ба Наср ибни Исмоили Сомонӣ бахшидааст, ки бо номи «Қомус»-и Юсуфи Хоразмӣ низ машҳур аст. Абуабдуллоҳи Xоразмӣ дар охири умраш ба Хоразм рафта, дар он чо то охи­ри умр зистааст ва тахаллуси «Хоразмӣ»-ро интихоб карданаш низ аз ҳа- мин ҷост.

Мероси илмию адабии Абуабдуллоҳи Xоразмӣ хеле ғанӣ мебошад. Ӯ аксари дастовардхои фарҳангии замони худро дар «Мафотеҳ-ул-улум» баён карда­аст. Донишманди эронӣ Ҳусайни Хидеви Ҷам китоби «Мафотеҳ-ул-улум»- ро ба забони форсӣ тарҷума кард, ки он соли 1969 ба тавассути Интишороти бунёди фарҳанги Эрон (чопхонаи Хоҷа, Техрон), ба табъ расид. У.  Тоиров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …