Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОҲИ ҶУНАЙДӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ҶУНАЙДӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ҶУНАЙДӢ Муҳаммад (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Аз шоирони дарбори Сомониён. Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ шои­ри қасидасаро буда, ба забони арабӣ низ шеър мегуфт. Абёти парокандааш дар тазкираҳо боқӣ мондаанд. Ин қитъа аз ӯст:

Шабгир, сабӯҳро эи cap гир,
Бар бонги хурӯсу нолаи зер.
Хуршед, ки барэанад cap аз кӯҳ,
Он беҳ, ки хӯрад зи ҷом ташвир.
Аз ҷом ба ҷома дар шабонгоҳ
В-аз ҷома ба ҷом рӯзу шаб гир.
Шир аст ғизои кӯдаки хурд,
Шир аст ғизои мардуми пир.

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2007.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …