Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОҲИ ФАРОЛОВӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ФАРОЛОВӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ФАРОЛОВӢ Муҳаммад ибни Мусо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 10). Дар бораи айёми ҷавонӣ, рӯзгор ва таҳсилоти ӯ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот кам аст. Абуабдуллоҳи Фароловӣ шоири тавоно ва шӯҳратманди аҳли Сомониён буд. Рӯдакӣ дар як байташ Абуабдуллоҳи Фароловиро ном бурдааст:

Шоир Шаҳиду шӯҳра Фароловӣ
В-ин дигар ба ҷумла ҳама ровӣ.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Абуабдуллоҳи Фароловӣ  соҳиби девони ашъор, маснавие дар баҳри хафиф будааст. Вале аз эҷодиёти ӯ то замони мо абёти пароканда аз қасоиду ғазалҳо боқӣ мондаанд. Шоир бутон – маъшукаҳоро васф кардааст. Ба масъалаҳои панду ахлоқӣ, иҷтимоӣ рӯй овардааст. Дар ашъораш калимаҳову ибораҳои халқии марбути хоҷагиву барзгарӣ ва ғайра вомехӯранд. Абёти зерин аз ӯст:

На ҳамчун рухи хубат гули баҳор,
На чун ту ба некӯӣ бути татор.
Ё ба ғарбела ҳамчу барзгаре,
Дона аз каҳ ба чак бисозй соф.
Раво набвад, ки бо ин фазлу дониш,
Бувад шурбам ҳаме доим зи мундӣ.

Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2007.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …