Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБСТРАКСИЯ

АБСТРАКСИЯ

АБСТРАКСИЯ (аз лотинӣ abstractio – ҷудо карда гирифтан), таҷрид, як навъи фаъолияти тафаккур, ки зимни он фард (субъект) аз маҷмӯи хосиятҳо нишонаҳои асосии ашё (объект)- ро ҷудо карда гирифта, аз он мафҳум ва тасаввур месозад ва аломату хусусиятҳои дуюмдараҷаю камаҳамиятро сарфи назар менамояд. Масалан, одам дар бораи ашёи монанду якхела фикр карда, аз бузургию андоза, шакл, ҳаракат истифодаи онҳо дар ҳаёт ва ғайра дур шуданаш мумкин аст.

abstrakciyaАбстраксия  маъмулан ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои олами моддӣ пайдо мешавад. Он ҷиҳати назариявии образҳои воқеиро пурра мегардонад. Усули таҷрид усули умумии дониш аст. Он ҳам ба маънои субъективӣ (ҳама чизро ба мақулаи мантиқӣ гардондан) ва ҳам ба маънои объективӣ (ифодаи қонуниятҳои табиату ҷамъият) заминаи мантиқии фаҳмиши олами воқеӣ мебошад. Бе Абстраксия дониши илмӣ, тадқиқи моҳияту қонуниятҳои олами воқеӣ имконнопазир аст.

Абстраксия ҳаду ан­доза дорад ва худуди онро моҳияту табиати ашёи омӯхташаванда ва таҷрибаи инсон муайян мекунад. Аз ин ҳад гузаштан боиси аз воқеияти аслӣ дур шудани фикр ва ба вуҷуд омадани ҳар гуна хаёлот мегардад. Абстраксия шарти зарурии ташаккул ва инкишофи илму маърифати илмӣ мебо­шад. Меъёри ҳакиқӣ ва маҳсулнокии Абстраксия таҷриба аст. Дар кӯдак фаъолия­ти таҷридӣ аз фаъолияти таҷрибавии ӯ cap карда ташаккул меёбад ва дар синни мактабӣ қобилияти Абстраксиякунонӣ меафзояд. Минбаъд зимни таҳлилу муқоиса ва дигар амалҳои зеҳнӣ қобилияти таҷрид тараққӣ ва инкишоф меёбад.

Абстраксия дар раванди таълим норавшан ифода кардани фикр аст. Ғайр аз ин, Абстраксия дар таълим ба маъ­нои мафҳуми муҷаррад, хосият ва нишонаҳои мушаххаси як ашёро аз худи ҳамон ашё ҷудо кардан низ меояд. Абстраксия дар якҷоягӣ бо дигар равандҳои фикрӣ роҳи дарк намудан ва кушодани қонуниятҳо мебошад. Чунки аз аломатҳои дуюмдараҷа ҷудо карда­ни хосияти асосӣ танҳо дар натиҷаи ба ашё аз рӯи вазифаҳои муайян ва мақсади мушаххас наздик шудан имконпазир мегардад. Абстраксия  дар кори фикрии хонандагон дар ҳамаи давраҳои аз худ кардани дониш, маҳорат ва ма- лака мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …