Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / АБСЕНТИЗМ

АБСЕНТИЗМ

АБСЕНТИЗМ, дар ҳуқуқ ба нишонаи эътироз аз иштарок дар маъракаи интихобот ва ё дар чорабинии овоздиҳӣ саркашӣ кардан. Дар бисёр мамлакатҳо бо сабаби ғайридемократӣ гузаштани ин­тихобот ва иродаю манфиати халқро ба эътибор нагирифтани вакилон (намояндагон) шаҳрвандон аз иштирок дар интихобот cap мепечанд. Бо максади иштироки интахобкунандагонро дар интихобот таъмин намудан қонунҳои интихобот чораҳои гуногунро пешбинӣ мекунанд.

absentizm

Масалан, мувофиқи банди 3 моддаи 48-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихобот дар ҳавзаи якмандатаи интихобот он гоҳ баргузорнашуда ҳисобида мешавад, ки дар он камтар аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилшуда иштирок карда бошанд. Дар асоси банди 2 моддаи 49 бошад, ҳамон номзад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисоб меёбад, ки дар вақти овоздиҳии такрорӣ нисбат ба номзади дигар (дар сурати дар овоздиҳӣ иштирок кардани беш аз нисфи шумораи интихобкунандагони ба рӯйхат дохилгардида) бештар овози интихобкунандагонро гириф­та бошад.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …