Маълумоти охирин

Аброр

АБРОР (соли таваллуд номаълум – вафот 1856), шоир ва хаттоти тоҷик. Аз Истаравшан. Падараш Муҳаммадсолеҳ низ шоир будааст. Аброр маълумоти иб- тидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Хоҷаҷони Истаравшан давом дод.

Ӯ чун донишманд ва шоир шӯҳрат доштааст. Дар санъати хаттотӣ низ машхур гашта, дар навиштани ҳафт навъи хати ислимӣ (кӯфӣ, таълиқ, насх, зулф, райҳон, риқоъ ва настаълиқ) ҳунарманд будааст. Ашъори парокандаи Аброр дар баёзу ҷунгҳо оварда шудаанд. Аброр асосан шоири ғазалсаро буда, мусаддас ва мусамман низ эҷод кардааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Ай гули тоза, ки бӯе зи вафо нест туро,
Хабар аз сарзаниши хори ҷафо нест туро.
Раҳм ба булбули бебаргу наво нест туро,
Илтифоте ба асирони бало нест туро.
Мо асири ғаму асло ғами мо нест туро,
Бо асирони бало раҳм чаро нест туро?!
Фориғ аз ошиқи ғамнок намеояд буд,
Моҳи ман ин ҳама бебок намеояд буд.

С. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …