Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБРИ ООРТ

АБРИ ООРТ

АБРИ ООРТ, абри курашакли системаи Офтоб, ки манбаи кометаҳои даврашон тулонӣ мебошад. Мавҷудияти Абри Оортро бори аввал соли 1932 астрономи эстонӣ Э. Эпик пешниҳод карда буд. Соли 1950 астрономи ни- дерландӣ Ян Xендрик Оорт ин назарияро асоснок кард ва ба шарафи ӯ номи Абри Оорт гузошта шуд. Масофа аз Офтоб то ҳудудҳои Абри Оорт тақрибан 50 000 – 100 000 в.а. ё як с.р. аст.

abri-oortaМассаи Абри Оорт тақрибан 3*1025килограмм (ё 5,0 массаи Замин) буда, кариб 4,6 миллиард, сол пеш ба вуҷуд омадааст ва якчанд триллион ядроҳои кометаҳо дорад. Унсурҳои Абри Оорт аз яхпораҳои дар таркибашон об, ам­миак ва метан мавҷудбуда иборатанд.

Онҳо дар наздикии Офтоб ташаккул ёфта, зери таъсири қувваҳои ҷозибавии сайёраҳои бузург дар фа­зой кайҳонӣ паҳн гардидаанд. Ин қувваҳо баъзан кометаҳоро ба маркази Системаи Офтоб тела медиҳанд, ки эҳтимолияти бархӯрди онҳоро бо сайёраҳо зиёд мекунад. А.Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …