Маълумоти охирин

АБРИ БАҲОР

«АБРИ БАҲОР», навъи санъати китобат ва усули оро додани саҳифаҳои китоб. Дар зарфи махсус шилми дарахтро бо рангҳои мухталиф ва ширеш омехта, бо ёрии мӯйқалам бо навбат (аз ранги баланд ба ранги паст) пош медоданд. Тавассути шонаи мах­сус ҳар гуна тасвирҳо ҳосил намуда, болои онро бо коғаз мепӯшонданд; баъди чанд дақиқа қоғазро оҳиста гирифта аз як гӯшааш дар ҷойи соя меовехтанд, то ки моеи рӯи қоғаз шорад ва он хушк шавад.

 Устоҳо аз хатҳои каҷу килеб ва гулҳои «Абри баҳор» дар вақти тасвири ҳар гуна шаклҳои ҳандасӣ, растаниҳо, ҳатто порчаҳои шеърӣ низ истифода кардаанд. Гулҳои «Абри»баҳор, одатан, ба якдигар шабеҳ нестанд, лекин устоҳои моҳир қодир буданд, ки як нақшро якчанд маротиба бамавқеъ такрор кунанд. Ин навъи санъати китобат асрҳои 16-17 дар Ҳирот хеле ривоҷ ёфта буд.

Дар Табрез, Қазвин, Исфаҳон ва ғайра дастхатҳои бо санъа­ти «Абри баҳор» ородода вомехӯранд. Солҳои охир барои аз нав эҳё намудани ин санъати фаромӯшшуда кӯшишҳо шуда истодааст.

Я. Шарипов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …