Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абрешим

Абрешим

Абрешим чист?. Абрешим ин нахест, ки аз пилла ҳосил мешавад. Абрешим аз қадамулайём маълум аст. Дар Осиёи Марказӣ кариб 4 ҳазор сол пеш кирмак парварида, абрешим истеҳсол мекарданд. Хитоиҳои кадим Абрешимро бинобар устуворӣ ва бадоштӣ хеле қадр менамуданд.

пиллаПиллаи аз ҳама қадимтарин аз бошишгоҳҳои давраи неолита минтақаи шимолии Шанси (2200 – 1700 то милод) ва намунаҳои аввалини матои абрешимӣ дар яке аз дахмаҳои Хитоии Ҷанубӣ (475 – 221 то милод) ёфт шудаанд. Замонҳои қадим муғулҳо аз Абрешим зиреҳ тайёр ме­карданд, ки ҷанговаронро аз зарби тир муҳофизат менамуд. Нахи Абрешим аз ду ғоз — сафедаҳои махсуси фибро­ин (70 – 80%) ва серитсин (20 – 30%) иборат аст. Серитсин моддаи часпак буда, нахҳои фиброинро мечаспонад. Дар таркиби нахи Абрешим мум, равған (1 – 1,5%), намакҳои калий, натрий, калсий (1 – 1,5%) низ мавчуданд,

Нахи Абрешимии як пилла 400 – 1200 метр дарозӣ ва  25 – 30 мкм ғафсӣ дорад. Ғафсии Абрешим ба миқдори нахҳои пилла, ки бо ҳам пайвастаанд, вобаста аст. Абрешим нахи табиии протеинӣ мебошад. Сифати Абрешим ба зоти кирмак ва ғизои он вобаста аст. Абрешим сохти ҳуҷайравӣ надорад ва фарқи он аз дигар нахҳо дар ҳамин ме­бошад. Дар мавриди буридан, шакли секунҷаро дорад. Ранги Абрешим вобаста ба зоти кирмак сафед, зард, гулобӣ, сабз мешавад. Ранги табиии Абрешим нисбатан камдошт буда, зуд мепарад.

матои абрешимиАбрешим ба таъсири рӯшноӣ ва ишқор кам (дар маҳлули 5-фоизаи NaOH зуд вайрон мешавад), ба таъсири кислотаҳои минералӣ бештар тоб меорад. Дар ҳалкунандаҳои органикии муқаррарӣ ҳал намешавад. Абрешим бадошт ва чандиру ҷилодор буда, хосияти хуби диэлектрӣ ва гарминогузаронӣ дорад.

Матои абрешимӣ муносибати махсус мехоҳад. Онро дар маҳлулҳои ишқордор тар кардан ва шустан мумкин нест; зери таъсири бевоситаи нури офтоб ранги матоъ парида, ноустувор мегардад. Абрешим дар саноати бофандагӣ, электротехника, авиатсия ва тиб истифода мешавад. Ниг. низ Пиллакашӣ, Кирмакдорӣ.

Адабиёт: Ахметшин Н. X., Тайны Шелкового пути, Москва, 2002.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …