Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абрешим (Корхона)

Абрешим (Корхона)

«АБРЕШИМ»,

1) ҷамъияти саҳҳомии кушода. Соли 1992 бо тақозои шароити нави иқтисодӣ бузургтарин корхонаи саноатии ҷумҳурӣ – Ком­бинати абрешими Хуҷанд ба Ҷамъияти Саҳомии Кушода «Абрешим» табдил дода шуд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ корхона истеҳсолотро дар сатҳ ва ҳаҷми пешина нигоҳ дошта натавониста, карор дод, ки дар баробари истеҳсоли абрешими хом, коркарди амиқи нахи пахта, истеҳсол ва фурӯши матоъҳои пахтагӣ, маҳсулоти дӯзандагиро низ ба роҳ монад. Саҳҳомони «Абрешим» дар давоми солҳои 1992 — 2000 бо ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ 5 корхонаи муштарак ташкил карданд: «Ҷавонӣ», «Сатн» ва «Абрешим» (америкоӣ), «Кабул- Тоҷик- Текстайлз» (тоҷикию кореягӣ) ва «ВТ Силк» (тоҷикию ветнамӣ).

2) «Абрешим», ширкати ҳамноми тоҷикию америкоӣ, ки муассисонаш «Абрешим» ва ширкати «Каррера» (Штатҳои Муттаҳидаи Амнрика) мебошанд. Соли 1998 (бо таносуби саҳмии «Абрешим» – 35,4% ва «Кар­рера» – 64,6%) ба фаъолият оғоз кард. Соли 2004 «Абрешим» ба ҷамъияти масъулияташ махдуди «Текстил-Сити» (бо та- носуби саҳмии 42,6% ва 57,39%) таб­дил ёфт. Он нахи пахта, матоъҳои пахтагии дағал ва ранга, куртаҳои мардона ва бачагона, лифофаи рахти хоб, дасгархон, сачоқҳои жаккардӣ ва ғайра истеҳсол мекунад. Муассиса бо мошинҳои маҳсулнокиашон баланди тамғаи СТБ, «Мартсоли», «Schlafhorst», YOU К VS4A, VOUK VS4A-E2 ва ғайра муҷахҳаз буда, дорои фабрикаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, трикотажӣ, рангу пардоздиҳӣ, дӯзандагӣ ва дигар умури иловагӣ мебошад. Дар як сол 2000 тонна калоба, 7 миллион метр матоъҳои пахтагӣ, 2 миллион адад либос ва маҳсулота дӯзандагӣ истеҳсол ме­кунад. Маҳсулоти ширкат ба Италия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка , Кореяи Ҷанубӣ, Малта, Сан- Марино содир мешавад. Н. Каримов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …