Маълумоти охирин
Главная / Илм / АБРАҚ

АБРАҚ

АБРАҚ – (ба забони руссӣ слюда) минерали алюмосиликатие, ки сохташ варақин аст. Абрақ гармитобовар буда, ҷараёни электрикиро намегузаронад ва таркиби химиявиаш мураккабу тағйирёбанда мебошад. Формулаи умумиаш:

R1R2.3[AlSi3O10](OH.F)2, ки дар ин ҷо R,=K, Na; R. =А1, Mg, Fe, Li мебошад. Аз рӯи таркиб Абрақ магнию оҳандор (фогопит, биотит, лепидомелан), алюминийдор (муско­вит, парагонит) ва литийдор (лепи­долит, синнвалдит, тайниолит) ме­шавад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш варақ-варак, тахта-тахта ё пулакчамонанд шуда, дар кундалангӣ то ба 1 метр ме­расанд. Сахтии кристаллҳои Абрақ аз рӯи шкалаи минералогӣ 2,5 – 3, зичиашон 2700 – 3200 килограмм/метр3 мебошад.

АБРАҚАбрақ дар табиат бисёр вомехӯрад ва чун мине­рали ҷинсофарин дар таркиби бисёр ҷинсҳои интрузивӣ (гранитҳо, сиенитҳо, диоритҳо), метаморфӣ (гнейсҳо, варақсангҳои кристаллӣ ва ғайра) дучор меояд. Абр масолехи муҳим барои термоизолятсия ва электроизолятсия буда, дар соҳаи эклектротехника, авиатсия ва радиотехника васеъ истифода мешавад. Аз липидолитҳо шишаҳои махсуси оптикӣ месозанд.

Резамайдаҳои Абрақро дар сохтмон, саноати резина, истеҳсоли пластмасса, ранг ва ғайра васеъ ба кор мебаранд. Дар Тоҷикистон кони хурди Абрақ дар қаторкӯҳи Ишкошим мавчуд аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …