Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / АБРАМОВ Павел Дементевич

АБРАМОВ Павел Дементевич

АБРАМОВ Павел ДементевичАБРАМОВ Павел Дементевич (1911, вилояти Волгогради Федератсияи Россия – 1968, ноҳияи Вахши Тоҷикистон), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949).

Коргари хоҷагии ҷангалпарварии шаҳри Мичуринск (1930 I – 36), колхозчӣ, сардори звено ва раиси хоҷагии «Ленинград» (собиқ хоҷагии «Пешқадам»)-и ноҳияи Вахш (1936 – 68).

Звено ва хоҷагии Абрамов ба рӯёндани ҳосили баланди пахтаи маҳиннах ноил шуда буд. Бо ду ордени Ленин ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …