Маълумоти охирин

Абр

АБР, маҳсули муаллақи конденсатсияи буғи об дар атмосфера, ки дар осмон аз сатҳи замин мушоҳида мешавад. Абр аз қатраҳои хурдтарини об ё зарраҳои ях иборат аст. Абр омили муҳими обу ҳавост, ки низоми боришоти атмосфериро муайян ме¬кунад ва ба мизони ҳарорати атмос¬фера таъсир мерасонад. Абр ба ҳисоби миёна қариб ними гунбази осмонро мепӯшад ва то 109т об дорад. Буги об асосан дар қисми поёни атмосфера – тропосфера воқеъ мегардад.

абр

Бинобар ин бештарини абрҳо дар баландиҳои гуногуни он пайдо мешаванд. Ҳар гоҳ ки ҳавои нам сард шуда, ба харорати буғи сер, яъне то нуқтаи ҳосил гардидани шабнам расид, Абр пайдо мешавад. Хунукшавии ҳаво ба туфайли васеъшавии адиабатӣ ҳангоми ҳаракати амудии он ба амал меояд, ки ин натиҷаи конвексияи термикӣ ва динамикист. Ҳангоми ба серӣ расидани буғи об дар натиҷаи конденсатсия дар сатҳи зарраҳои хурди гигроскопӣ: чанг, ғубор, маҳсули дуд ва ғайра, ки ядрои конденсатсияанд, қатраҳои нав пайдо мешаванд.

namudhoi-abrСараввал қатрачаҳои Абр аз ҳисоби кон- денсатсияи буғи об меафзоянд; минбаъд қатраҳо ба якдигар бархӯрда якҷоя мешаванд, яъне коагулятсияи элементҳои Абр ба амал меояд. Ба туфайли коагулятсия қатрачаҳои Абр то ба андозаи қатраҳои борон мерасанд ва дар шароити муайян аз Абр ба шакли боришот фуруд меоянд. Дар ҳудуди хароратҳои манфӣ Абр аз қатрачаҳои об, зарраҳои ях ё омехтаи онҳо таркиб ёфта метавонад.

Абрҳо аз рӯи намуди зоҳирӣ ва баландии асоси худ аз якдигар фарқ мекунанд. Дараҷаи бо Абр пӯшида шудани гунбази осмон бо мафхуми абрнокӣ ифода меёбад. Абрнокиро аз рӯи шкалаи даҳбалла ва шакли онро аз рӯи таснифоти байналхалқӣ муайян мекунанд. Балли осмони беабр ба сифр ва осмони пурра абрпӯш ба 10 баробар аст.

Баландии абрҳоро визуалӣ (бо дид) ё бо ёрии курзондҳо муайян кардан мумкин аст. Шаклҳои асосии Абр: Абреҳои табақаи боло (баландии асосашон зиёда аз 6 километр), ки абрҳои паршакл, паршакли серқабат, паршакли тӯдаро дар мегиранд; Абрҳои табақаи мобайн (баландии асосашон 2-6 километр), ки аз Абрҳои серқабати баланд, тӯдаабри баланд иборатанд; Абрҳои табақаи поён (баландии асосашон камтар аз 2 километр), ки дорои Абрҳои серқабат, серқабати туда, серқабати боронӣ ме- бошанд. Абрҳое низ мавҷуданд, ки амудвор ташаккул ва инкишоф меёбанд. Асоси онҳо дар баландии 1 – 1,5 километр воқеъ гардида, баландии қуллаашон то 10 километр ва зиёдтар мерасад. Тӯдаабр ва тӯдаабри боронӣ аз ҳамин қабиланд.

Асоси тӯдаабрҳо нисбатан ҳамвор ва қуллаҳояшон гунбазшакл мешавад ва ҳаҷман вусъат ёфта, ба тӯдаабри боронӣ (абрҳои раъдубарқӣ, тундарӣ) табдил меёбанд. Ба ҷараёни абрҳосилшавӣ хусусиятҳои географӣ таъсир мсрасонанд. Дар Точикистон мавҷудияти кӯҳҳо, гуногунии релйеф ва иқлим сабаби пайдоиши абрҳои маҳаллӣ мегарданд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ, асосан дар болои кӯҳҳо, тӯда- абрҳо инкишоф меёбанд, зеро дар нишебиҳои офтобрӯя ҳаво гарм шуда, боло меравад ва боиси пайдо¬иши абрҳо мегардад. Абрҳое, ки дар болои қаторкӯҳҳо пайдо мешаванд ва сокин меистанд, «абрбайрак» ном гирифтаанд. Дар водиҳои баландкӯҳ баъзан шакли аҷиби Абр- «тумани кӯҳӣ»-ро мушоҳида кардан мумкин.

Дар Помир аз сабаби кам будани на¬мии ҳаво тӯдаабрҳо дар баландиҳои 6 – 6,5 километр пайдо мешаванд. Дар водиҳои Точикистон рӯзҳои абрнок кам буда (соле 30 – 40 рӯз), бо зиёд шуда¬ни баландии маҳал меафзоянд, дар ағбаю пиряхҳо рӯзҳои абрнок бештар (масалан, дар ағбаи Анзоб 100 ва минтақаҳои баландкӯҳи яхбаста то 150 рӯз ва зиёдтар) мегарданд. Одатан, дар айёми хунуки сол асосан пай¬доиши абрҳои серқабат ва дар айёми гарми сол тӯдаабрҳо ва тӯдаабрҳои боронӣ (махсусан дар моҳи май) хос аст. Аз абрҳои раъдубарқӣ борони сел ва бештар жола меборад, ки ба кишоварзӣ зарар мерасонад.

Абр ғайр аз Замин дар ҳамаи сайёраҳои атмосфераашон газӣ, инчунин Миррих, Зӯҳра, радифони Зуҳал – Титан ва Нептун – Тритон мушоҳида мешавад. Абрҳои ғайризаминӣ табиати гуногун доранд. Масалан, дар Зӯҳра қабатҳои Абр аз кислотаи сулфат иборат буда, дар Титан манбаи боронҳои метанӣ дар ҳарорати -180° мебошанд.
В. Перчечко, М. Холов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …