Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / БОЗОРИ ПУЛ

БОЗОРИ ПУЛ

bozori-pulБОЗОРИ ПУЛ, бозори сармояҳои кӯтоҳмуҳдат дар шакли қарзу коғазҳои қиматнок ба муҳлати, одатан, то се моҳ (90 рӯз). Дар Бозори пул шахсе, ки аз рӯйи шарти муайян қарз медиҳад (қарздиҳанда) ва шахсе, ки аз рӯйи шарти муайян қарз мегирад (қарзгир), ширкат меварзанд. Яке аз табақаҳои иштирокдорони Бозори пул даллолони молиявӣ ме­бошанд, вале хидмати онҳо дар бозор ҳатмӣ нест. Дар Бозори пул ба хайси қарздеҳ ва қарзгир метавонанд бонкҳо, ташкилотҳои ғайрибонкии қарзӣ, муассисаву корҳонаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, давлат дар шахси ташкилот ва созмони муайян, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва ғайра ширкат намоянд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …