Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБИОГЕНЁЗ

АБИОГЕНЁЗ

АБИОГЕНЁЗ (аз юнонӣ a…, bios – ҳаёт ва genesis – пайдоиш), назарияи ба вуҷуд омадани мавҷудоти зинда аз моддаҳои табиаташон ғайриорганикӣ. То миёнаҳои асри 19 гумон мерафт, ки мавҷудоти зинда худ аз худ аз маводи ғайриорганикӣ тавлид меёбанд, масалан, гӯё мушу калламушҳо аз партов, қурбоққаҳо аз лойқаю обсабзҳо, кирм аз гӯшти пӯсида пайдо мешаванд.

bios-genesis-featured

Вале олими италиявӣ Ф. Реди соли 1668 исбот намуд, ки кирминаҳои пашша дар гӯшти пӯсида фақат дар натиҷаи ба гӯшти тухм гузоштани худи пашшаҳо ба вуҷуд ме- оянд. Дар асри 18 олими италиявӣ Л. Спаллансани муқаррар кард, ки дар пиёбаи ҷӯшонида микроорганизмҳо инкишоф намеёбанд. Таҷрибаҳои олими франсавӣ Л. Пастер низ беасосии ақидаҳои болоро собит намуданд. Соли 1871 олими немис Р. Вирхов дар асоси таълимот оид ба назарияи ҳуҷайра қайд кард, ки хуҷайраҳои зинда аз ҳуҷайраҳои зиндаи пешина пайдо мешаванд.

Феълан дар рӯи Замин пайдоиши ҳаёт аз маводи ғайриорганикӣ ба мушоҳида нарасад ҳам, аз эҳтимол дур нест, ки миллиардҳо сол қабл аз ин пайдо шуда бошад. Маъмултарин назари­яи Абиогенёзро олими шӯравӣ А.И. Опа­рин пешниҳод намудааст. Ӯ соли 1924 бо номи «Пайдоиши ҳаёт» мақолае ба табъ расонда, тасаввуротеро ба миён овард, ки дар маҳлулҳои пайвастҳои калонмолекула метавонанд худ аз худ қитъаҳои консентратсияи зиёд ҳосил шаванд. Онҳо аз муҳити берунӣ нисбатан дур ҷойгир буда, метавонанд бо он тамос дошта бошанд. Опарин онҳоро қатраҳои ко- асерватӣ ё коасерватҳо номидааст.

Адабиёт: Белясов Д. К., Общая биология, Москва, 1993; Биология для школьников и поступающих  в ВУЗы, Москва„ 1999.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …