Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Қабилаҳои САРТ

Қабилаҳои САРТ

САРТ, с а р т ҳ о, номест, ки қабилаҳои бодиянишини турку муғул ба аҳолии муқимии Осиёи Марказӣ — суғдиён ва ворисони онҳо — тоҷикон додаанд. Сонитар ин номро ба қабилаҳои муқиминишиншудаи туркҳо (ӯзбекҳо) низ нисбат кардаанд. Дар за- бони туркии қадим калимаи Сарт ба маънои «савдогар», «пешвои корвон» истифода мешуд. Дар осори Маҳмуди Қошғарӣ ва Юсуфи Балосағунӣ (асри 11) истилоҳи Сарт маҳз ба ҳамин маъно омадааст. Пайдоиши калимаи Сарт ба «сартҳаваҳа»-» забони санскрит вобаста аст. Онро дар байни қабилаҳои турку муғул пайравони ҳиндуия паҳн намудаанд.
Тиҷорати Осиёи Марказӣ аз давраҳои қадим дар ихтиёри аҳолии муқимии эронинажод буд. Бинобар ин барои туркҳою муғулҳо мафҳуми савдогар, яъне «сарт» номи халқе гашт, ки вай асосан бо савдо машғул аст. Аммо суғдиён ва тоҷикон барои қабилаҳои турку муғул на фақат савдогар, балки паҳнкунандагони маданияти маҳаллӣ низ буданд. Дар достони муғулҳо баҳодур Сартактан ҳамчун бунёдгари наҳру пул ва сарбандҳои беназир васф шудааст.
Баъди истилои Осиёи Миёна муғулҳо ва қабилаҳои туркизабони ба ин сарзамин омада тоҷиконро Сарт меномидагӣ шуданд. Дар аҳди Чингизхон аҳолии Осиёи Миёна монанди пештара аз ду тоифа — бодиянишинони туркизабону мардуми муқимии эронизабон иборат буда, аввалиро т у р к, охириро сарт меномиданд.
Дар натиҷаи муқимӣ гаштани туркҳо тоҷикон дар баъзе маҳалҳо забони туркиро қабул мекарданд ва нуфузи аҳолии муқимии туркизабон меафзуд. Ин просесс баъди Осиёи Миёнаро забт кардани қабилаҳои кучманчии ӯзбек авҷ гирифт ва аз ин сабаб доираи истеъмоли мафҳуми Сарт васеъ гашт. Акнун ӯзбекҳо ҳамаи аҳолии муқимии ин сарзаминро (сарфи назар аз забон) Сарт меномидагӣ шуданд. Ҳамин тавр калимаи Сарт номи тамоми аҳолии муқимии ви- лоят гардид.
Истилоҳи «Сарт» ҳамчун номи аҳолии муқимии Осиёи Миёна баъди калимаи тоҷик маъмул шудааст. Дар байни қабилаҳои дар гузашта бодиянишин ва нимбодиянишини ба ҳаёти муқимӣ гузаштаи ӯзбекҳо ва қирғизҳо истилоҳи Сарт дучор меояд: масалан, сарт-қипчоқ (ӯзбекҳо), сарт-қарасоқол (қиргизҳо). Ҳатто аҳолии муқимии туркизабон дар бисёр ҷойҳо худро тоҷик меномид. Ин ҳолат дар асри 19 ва ибтидои асри 20 дар водиҳои Зарафшон, Қашқадарё, Сурхондарё мушоҳида мешуд. Аммо аҳолии муқимии туркизабони баъзе мавзеъҳо (Хоразм, водиҳои Чирчиқу Оҳангарон), ки дар атрофашон кучманчиёни турк бисёр буданд, худро Сарт меномидагӣ шуданд.
Адабиёт: Бартольд В. В., О преподавании туземных наречий в Самарканде, Сочинение, том 2, частӣ 2. Москва, 1964; хамон муаллиф, Ёщё о слове сарт, хамон ҷо; ҳамон муаллиф, Таджкки. Исторический очерк. Сочинение, том 2, часть 1, Москва, 1004; Остроумов Н. П., Сарты. Этиографические материалы, и. 1, Ташкент, 1908; Народы Средней) Азии и Казахстана, том 1, Москва, 1962. А. Давыдов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …