Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдувалиева Мавҷуда Муъминовна

Абдувалиева Мавҷуда Муъминовна

Абдувалиева Мавҷуда Муъминовна (17. 10. 1924, шаҳри Хуҷанд) пе­дагог, профуссори (1994). Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои РСС Тоҷикистон (1962). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (1943). Му­аллими Техникуми кооперативии шаҳр Хуҷанд (1943 – 1946), муаллим, нозири иттифоқи касабаи вилоятии омӯзгорон (1946 – 1947), муаллимаи мактаби миёна дар шаҳри Табошар (1947 – 1953), муаллима ва директори мактаб дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ (1953 – 1960), директори мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд (1960 – 1962), муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи забони русӣ (1962 – 1969), декани факултети забон ва адабиёти русӣ Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд (1969 – 1980). Аз соли 1980 нафақагири шахсӣ. Муаллифи қариб сад асару мақолаи илмӣ, метода ва таълимӣ оид ба масъалаҳои такмили усули таълими адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ.

Ос.: Взаимосвязь в переподаванли родной и русской летератур в восьмилетней школе. Д., 1965; МПС в преподавании русской литературы. Д., 1990; Совершенствование процесса обучения русской литературы на основе МПС, Д., 1991.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …