Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна

АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна

АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна (таваллуд  24. 8. 1940, деҳаи Шулмаки ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Рашт), актриса ва режиссёр, Артисти хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1970), профессор (1991).

АБДУШУКУРОВА Тамара МахсумовнаХатмкардаи Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москва (1960). Солҳои 1960 – 61 актрисаи Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Ленинобод, 1961 – 72 актриса ва режиссёри Теат­ри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 1972 – 86 дотсент, мудири кафедра ва проректори Донишгоҳи Давлатии Санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 1986 – 89 муовини аввали Вазири маданияти Тоҷикистон, 1989 – 90 ректори Донишгоҳи Давлатии Санъати Тоҷикистон ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода, 1990 – 92 Ва­зири маданияти Точикистон, 1993 – 95 профессори Донишгоҳи Давлатии Санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзо­да, 1997 – 2002 профессори факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров.

Абдушукурова дар саҳнаи театр асо­сан роли занони қавиирода, тавоно ва боиффатро бо маҳорати баланд бозидааст. Беҳтарин ролҳои офаридааш: Смералдино («Шоҳ Гавазн»-и К. Г отси), Варя («Ҷавоне аз шаҳри мо»-и Константин Симонов), Бунафша («Деҳотӣ»-и М. Иброҳимбеков), Нозӣ («Дуэл»-и М. Байчиев), Мавчуда («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ) ва ғайра.

abdushukurova-tamara-2 Чандин асари саҳнавӣ – «Никоҳи мунтахаб»-и К. Голдони, «Ёрони маҳбуб»-и А. Баҳорӣ, «Беҷиҳоз»-и Александр Остров­ский, «Зангирӣ»-и Николай Гогол ва ғайраро таҳия намудааст.

Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

М. Ҷӯрабекова.

АБДУШУКУРОВА Тамара Махсумовна

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …