Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Абдусаттори Абдуҷаббор

Абдусаттори Абдуҷаббор

АБДУСАТТОРИ АБДУҶАББОР (Ҷабборов), (таваллуд 24. 2. 1948, Панҷакент), арбоби давлатӣ, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2001), профессор (2008), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (2011), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1976) ва Мактаби олии Ҳизбии коммунистӣ дар шаҳри Тошкент (1986). Сармуҳандиси идораи кишоварзӣ (1974 – 75), мудири шуъбаи саноату наклиёти Комитети Ҳизби коммунистӣ (1977 – 1981), ра­йси Комитети назорати халқӣ, муовин ва раиси Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи шаҳри Панҷакент (1986 – 1990), даъвати 12 (1990 – 95), раиси Комиссия оид ба масъалаҳои кори шӯроҳои вакилони халқ ва худидораи маҳаллии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1990 – 92), аввалин Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), Вазири таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992 – 94), Вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994 – 2005).

Абдусаттори Абдуҷаббор Аз соли 2005 раиси Фон­ди ғайридавлатии нафақаи «Оянда». Абдусаттори Абдуҷаббор бо фаъолияти педагогӣ ва илмӣ низ машғул аст: профессор кафе­драи «Молия ва қарз»-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (аз соли 2005), ҷонишини раиси Шӯрои диссертатсионии комиссияи аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Шӯрои диссертатсионии комис­сияи аттестатсионии Вазорати мао­риф ва илми Федератсияи Россия дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (аз соли 2005).

Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва аз ҷорикунандагони илми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Муаллифи 18 рисола ва 115 мақолаи илмию оммавӣ оид ба масъалаҳои мухталифи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ. Иштирокдори сим­позиуму семинарҳои байналхалқӣ дар Бостон, Брюссел, Вена, Манила, Полша, Ҳиндустон, Туркия, Эрон,  Чехия, Словакия, Булғория ва як  қатор давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳида. Депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12), вакили Маҷлиси намояндагони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 2). Бо нишонҳои «Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи байналхалқии ба номи Анри Дюнан (Женева, 1998) сарфароз гардидааст. Узви Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон аз соли 1996.

Основание,: Ташаккул ва инкишофи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

 Душанбе, 1996; Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоии ҳифзи нафақахӯрон ва роҳҳои ин­кишофи шаклҳои хизматрасонӣ ба онҳо, Душанбе, 1996; Ташаккул ва инкишофи ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, Душанбе, 1999; То ба хулқат ҷахонороӣ, Душанбе, 1999; Предпосылки и экономические основы социальной защиты населения в услови­ях становления рыночных отношений, Душанбе, 1999; Социальная защита населения, Душанбе, 2003; Ҳифзи ичтимоии аҳолӣ, Душанбе,2009; Микрофинансирова­ние, Душанбе, 2010; Асосҳои маблағтузории хурд, Душанбе, 2010.       Ш. Тошева.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …