Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдусаломов Ислом Абдураҳмонович

Абдусаломов Ислом Абдураҳмонович

АБДУСАЛОМОВ Ислом Абдураҳмонович (таваллуд 13.2.1929, Самарқанд), парандашинос, доктори илмҳои био­логия (1972), профессор (1983), академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996).

Ислом АбдусаломовХатмкардаи факултети биологияю хокшиносии Университети давлатии Ӯзбекистон (1950). Ассистента кафедраи зоологияи мӯҳрадорони факултети биологияи хамин донишгох дар шаҳри Самарканд (1950-54), аспирант (1954-63), ҷонишини директор (1963 – 67), директор (1967 – 72 ва 1986 – 92)-и Институти зооло­гия ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1992 директори фахрии хамин институт. Абдусаломов мутахассиси варзидаи соҳаи зооло­гия, орнитология, мухофизати олами хайвонот ва захираҳои табиӣ ме­бошад. Оид ба фауна ва экологияи парандаҳои водии Зарафшон, Помир, Бадахшон, Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ маводи сершумор ба даст овардааст.

Яке аз самтҳои асосии пажӯҳишҳои Абдусаломов кучи парандагон мебошад. Ӯ мукаррар намуд, ки рохи парандаҳои кӯчӣ ба То­ники стон ду самта асосиро ба ҳам алоқаманд месозад: 1) минтақаи Си­бири Ғарбӣ – Африкаи Марказию Шарқӣ, нимҷазираи Арабистон; 2) мамолики Осиёи Ҷанубӣ – Ҳиндустон, По­кистон, Афгонистон. Бо ташаббус ва иштароки бевоситаи Абдусаломов «Китоби сурхи Тоҷикистон» (1988, 1997) ба табъ расидааст, ки 226 намуди растаниҳои камёфт, 58 намуди ҳайвоноти бемӯхра ва 104 намуди чонварони мӯҳрадорро дар бар мегирад. Зери рохбарии Абдусаломов солҳои 1958 – 62 Экспедитсияи зооло­гии Зарафшон ташкил карда шуд, ки дар таҳқиқи олами хайвоноти води саҳми назаррас гузошт. Сахми Абдусаломов дар кори васеъ намудани ареали холгул низ арзанда аст. Соли 1961 бо ташаббуси ӯ аз мамнӯъгоҳи «Полвонтуғай» ба мамнӯъгоҳи «Ромит» 12 cap оху бурданд, ки феълан саршумори онҳо хеле афзудааст.

Абдусаломов исбот кард, ки хол­гул дар баландиҳои 1100 – 2300 метр аз сатҳи баҳр низ метавонад зиндагӣ кунад. Як силсила тадқикоти Абдусаломов ба парваришу зиёд намудани кубро ва гурза дар шароити ғайритабиӣ бахшида шудаанд. Натиҷаҳои тадкикот ба­рои истеҳсоли заҳри ин морҳо зами­наи мусоид фарохам меорад. Абдусаломов асосгузори орнитологиям авиатсионӣ дар Точикистон мебошад. Бо тавсияи ӯ дар фурудгоҳҳои байналхалкии Ду­шанбе ва Хуҷанд умури орнитологӣ ташкил карда шудааст, ки бархӯрди парандагонро бо тайёрахо пешгирӣ мекунад. Абдусаломов муаллифи 350 асари илмӣ, аз ҷумла 7 монография аст. Дар бисёр конференсияҳои байналмилалӣ (Гаа­га, Париж, Мюнхен ва ғайра) иштирок ва маърӯза намудааст. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 16 нафар рисолаи номзади илмро ҳимоя кардаанд. Бо ордени Шараф (дарачаи I) ва медалҳо сарфароз гаштааст.

Основание: Птицы долины озера Ранг-Куль на Па­мире, Душанбе, 1961; Птицы горного Зеравшана. Душанбе.,1964; Фауна Таджикской Советской Социалистичкеской Республики. Птицы, том 19, часть I – 3, Душанбе. 1971 – 73 – 77.       А. Саидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …