Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдусаломов Абдуҷалил

Абдусаломов Абдуҷалил

АБДУСАЛОМОВ Абдуҷалил (таваллуд 17. 11. 1936, деҳаи Қӯштегирмони ноҳияи Нов), генерал-майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи Ш (1980). Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1980).

Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон (1962). Солҳои 1962 – 64 прокурори шӯъбаи назорати умумии Про- куратураи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон РСС Тоҷ., 1964 – 71 нозири шӯъбаи мақомоти маъмурии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, 1971 – 77 прокурори ноҳияи Хуҷанд, 1977 – 87 прокурори вилояти Қӯрғонтеппа, 1987 – 96 проку­рори шаҳри Турсунзода, 1966 – 98 про­курори ноҳияи Ҷаббор Расулов, 1998 – 2000 прокурори шаҳри Исфара.

Аз соли 2000 нафақагири шахсӣ. Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ», Шараф (дараҷаи II) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии СотсиалистӣСССР сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …