Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУС САЛОМ МУХАММАД

АБДУС САЛОМ МУХАММАД

АБДУССАЛОМ (29. 1.1926, Ҷанг, Покистон – 21. 11. 1996 Окс­форд, Ҷанг, Покистон – 21. 11. 1996, Окс­форд, Британияи Кабир), физик- назариётчии покистонӣ, дорандаи мукофоти Нобел (1979). Соли 1946 Коллеҷи давлатии Донишгоҳи Панҷобро дар Лоҳур хатм намуда, ба Донишгоҳи Кембриҷи Англия дохил мешавад. Соли 1949 рисолаи магистрӣ ва соли 1952 рисолаи док- ториро аз фанни электродинамикаи квантӣ ҳимоя кардааст.

محمد عبد السلام‎Солҳои 1951 – 54 профессор математикам Коллеҷи дав­латии Покистон, 1954 – 57 муаллими математикаи Донишгоҳи Кембрич, 1957 – 61 профессор кафедраи физикаи на- зариявии Коллеҷи империявии Лон­дон, 1961 – 64 мушовири Президенти Покистон оид ба илм, 1964 – 93 директори Маркази байналхалқии фи­зикаи назариявӣ дар Триест (Италия), ҳамзамон солҳои 1964 – 75 узв ва 1971 – 72 раиси Кумитаи машваратии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм ва техника буд.

Аз миёнаи соли 1950 Абдуссалом оид ба назарияи у мумии таъсирҳои фундаменталӣ кор карда, дар муттаҳид сохтани назарияи элек­тромагнетизм бо таъсироти зӯр ва суст кӯшиш намудааст. Абдуссалом назарияи инвариантнокии Ш. Глэшоуро истифода намуда, соли 1968 (новобаста ба С. Вайнберг) назарияеро созмон дод, таъсироти суст ва электромагнитиро ба як таъсирот муттаҳид мекунад.

Абдуссалом нишон дод, ки барандагони таъси­роти суст зарраҳои зарядноки W+, W- ва заррачаи нейтралии Z0 хастанд. Абдуссалом барои ин асараш соли 1979 ҳамроҳи С. Вайнберг ва Ш, Глешоу сазовори му­кофоти Нобели гардид. Абдусссалом инчунин бо мукофоти «Атом баҳри сулҳ» (1968), медалҳои «Максвелл»-и ҷамъияти физикии Лондон (1961), «Хюз» (1964), медали шохии Ҷамъияти шохии Лон­дон (1978), медали тиллои Ломоносови Академияи Илмҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (1983) ва бисёр мукофотҳои дигар сарфароз гардида­аст. Абдуссалом узви академияҳои илмии бисёр давлатҳо, аз он ҷумла узви хориҷии Академияи Илмҳои  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …