Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУСАЛОМ АЛ-МУБОРАКПУР

АБДУСАЛОМ АЛ-МУБОРАКПУР

АБДУСАЛОМ АЛ-МУБОРАКПУР, Абулҳуда Муҳаммад Абдусалом Ибн- аш-Шайхон Муҳаммад Муборакпур (1872 -1924, ҷойи таваллуд ва вафот номаъ­лум), муҳаддис ва муаррих. Аз оилаи зиёиёни тақводор. Қуръони карим, ҳадиси набавӣ, тафсир, фикх, таърих, хикмат ва илми тибро ба қадри замони худ хеле хуб омӯхтаасг. Абдуссалом 22 соли ҳаёташро ба омӯзгорӣ бахшид; аз мадрасаи ибтидоӣ cap карда то мадориси олӣ дарс гуфтааст.

Дар солхои охири ҳаёт мударриси Донишгоҳи Дор-ул-ҳадис-ар-раҳмония» буд. Доир ба ислом ва таърих асарҳои бисёре эчод кардааст. Аз чумлаи онҳо «Сират-ул-Имом-ал-Бухорӣ» дар ода­ми ислом хеле машҳур буда, дар он доир ба асарҳои илми ҳадис ва му- ҳаддисон хеле батафсил ва мукаммал маълумот дода шудааст. Ин асар дар Банорас ду маротиба (1955 ва 1986) ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …