Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррашиди Таттавӣ

Абдуррашиди Таттавӣ

Абдуррашиди Таттавӣ Сайид Абдуррашид ибни Абдулғафур ал-Хусайнӣ ал-Маданӣ ат-Таттавӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони нимҷазираи Х,инду Покистон (асри 17). Дар шаҳри Таттаи иёлоти Ҳинди Покистон таваллуд ёфта ба камол расидааст. Абдуррашиди Таттавӣ замони салтанати Шоҳиҷахон (ҳукмронии 1627 – 58) ҳаёт ба cap бурдааст.

Ба қалами Абдуррашиди Таттавӣ ду фарҳанги тафсирии забони арабӣ: «Мунтахаб-ул-лугот» (1635), «Рисолаи муарработ» ва луғати машҳури тафсирии форсӣ бо номи «Фарҳанги Рашидӣ» (1652 – 53) тааллуқ доранд. «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдуррашиди Таттавӣ  ба андешаи муаллифону муҳаккиқони соҳа яке аз беҳтарин фарҳангҳои тафсирӣ мебошад.

Ризоқулихони Ҳидоят дар «Анҷуманорои Носирӣ» ва Мухаммад Муин дар чопи интиқодии «Бурҳони қотеъ» «Фарҳанги Рашидӣ»-и Абдуррашиди Таттавӣро мавриди истифода қарор додаанд. «Мунтахаб-ул-луғот»-и Абдуррашиди Таттавӣ бо пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристи А. Нуров соли 2003 аз тарафи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Душанбе ба табъ расид.

Основание: Фарҳанги Рашидӣ, бо замимаи «Рисолаи муарработ», ба тасҳехи Муҳаммад Аббосӣ, ҷилдҳои I – II, Том, 1337 ҳ. ш.

Адабиёт: Шаҳриёри Нақав ӣ , Фарҳангнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон, Тошкент, 1341 х. ш.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …