Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррашид ибни Маҳмуд

Абдуррашид ибни Маҳмуд

Абдуррашид ибни Маҳмуд (соли таваллуд номаълум – вафот 1058), амири Ғазнавиён (1050 -1058). Фармондеҳи сипоҳи Султон Масъуд буд. Ракибони аслии Fазнавиён дар замони ҳуку­мати Абдуррашид дар Ғарб салҷуқиён ва дар Шарқ қарохониён буданд.

Солҳои ҳукумати Абдуррашид ба ҷанг бо салчукиён ба­рои тасарруфи Систон ва манотики ғарби Афгонистон гузашт. Сиёса­ти хориҷии Абдуррашид муваффақомез набуд, бинобар он нуфузи ғазнавиён дар Хуросон ва ҷанубии Мовароуннаҳр сахт коҳиш ёфт.

Дар манбаъҳои таърихӣ Абдуррашидро подшоҳи истибдодгар ва дар бархе аз онҳо фозилу хирадманд васф кардаанд. Дар сиккаҳояш бо лақабхои «Изуддавла» нақш шуда, ҳамзамононаш бар ӯ номҳои «Шамсуддавла», «Ҷамолуддавла», «Мазохири халифатуллох»-ро гузошта бу­данд. Тибки ривояти таърихӣ аз тарафи ғуломи турке бо номи Туғрул соли 1058 кушта шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …